ДАР ПЕШГОҲИ ВАҲДАТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 650
Ин кишваре, ки ин ҳама зебост, ваҳдат аст,
Ин ҷаннате, ки рашки сурайёст, ваҳдат аст.
Ин чорбоғи шаҳр, ки дар мавҷхези ранг,
Гӯйӣ магар қиёмати гулҳост, ваҳдат аст!
Кӯҳе, ки ҳамчу бурҷи баланди ғурури халқ
То осмон расидаву барҷост, ваҳдат аст.
В-ин чашмаи наҷиб, ки аз остини кӯҳ
Бар ҷуйи шир рехта, дарёст, ваҳдат аст.
Тифле, ки бо навори хати парчами Ватан,
Пешонаи баланд биёрост, ваҳдат аст.
Он мактабе, ки саф зада бар зери як суруд,
Он вожае, ки сархати иншост, ваҳдат аст.
Ваҳдат ҳисоби саҳмияву шартнома нест,
Ҷое, ки халқ якдилу яктост, ваҳдат аст.
Рўзе, ки пушти як ваҷаби марзи Исфаранг,
Як кишваре чу зилзила бархост, ваҳдат аст.
Насле, ки вораҳида зи гирдоби ихтилоф,
Ҳампову ҳамнабарду ҳамовост, ваҳдат аст.
Ҳар соҳиби Ватан, ки барои бақои халқ
Аз умри худ чу моҳи фалак кост, ваҳдат аст.
Хоне, ки ҷойи косаи ғам нест андар он,
Ё ин нақорабазм, ки ғавғост! Ваҳдат аст.
Эҳсоси орамидану лабханди эътимод,
К-аз рўи гарми дӯст ҳувайдост, ваҳдат аст.
Рози бақои давлату сирри суботи мулк,
Ин назми устувор, ки барпост, ваҳдат аст.
Дар гирдбоди фитнаи бегонаву худӣ,
Барномае, ки ҳалли муаммост, ваҳдат аст.
Ин аст мунтаҳои паёми паёмбарон,
Тавҳид дар азал ба чӣ маъност? Ваҳдат аст.
Бар ресмони ваҳдати ҷовид чанг зан,
Андешае, ки аз ҳама болост, ваҳдат аст.
Абдулло Раҳнамо, узви ИНТ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...