Дар фазои боронии Данғара 12 мушаки «Алазан-6» партоб шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 072
11 июн Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо партоби 18 мушаки «Алазан-6» 5 ҳолати резиши жола дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Ваҳдатро барҳам зад.
Бино ба гузориши Хадамоти зидди жола, аз соати 13:53 то 14:34 дақиқа дар фазои боронии ноҳияи Данғара 12 мушаки «Алазан» партоб шуд ва аз резиши жола дар 3 минтақа пешгирӣ ба амал оварданд. Инчунин, аз соати 13:32 то 16:05 дақиқа партоби 6 адад мушаки навъи «Алазан-6» 2 минтақаи жоларез дар шаҳри Ваҳдатро безарар намуд.
Партоби мушакҳо садҳо гектар заминҳои кишти зироатҳои кишоварзиро аз хатар наҷот дод. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ ва боғу токзори мамлакат дар минтақаҳо зидди жола садҳо мушак истифода мешавад. Бориши жола маъмулан барои зироати кишоварзӣ зарари калон меорад. Истифода аз мушакҳои зиддижола имкон фароҳам меорад, ки хатари мазкур бартараф карда шавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...