Ҳунарманди сол муайян мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 670
Аз 15 август то 7 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол” дар вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, озмуни мазкур дар доираи “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” гузаронида шуда, ҳадафи он муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи санъати ҳунармандии маҳалҳо, ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба меҳнати офарандагони маснуоти ҳунармандӣ унвон мешавад.
Озмуни “Ҳунарманди сол” аз рӯйи шаш номинатсия, аз ҷумла “Кандакорӣ, дуредгарӣ бо чӯб (гаҳворасозӣ, қошуқтарошӣ, табақтарошӣ, армуғонсозӣ, шонасозӣ ва сангтарошӣ)”, “дӯзандагӣ (ҷомадӯзӣ, тоқидӯзӣ, рӯймолдӯзӣ – камарбанд, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, куртадӯзӣ)”, “Наққошӣ, рассомӣ (миниатюранигорӣ, кундалнигорӣ, хаттотӣ)”, “Кулолгарӣ, аҷубасозӣ ва гаҷкорӣ”, “Чармгарӣ (пойафзолдӯзӣ, мӯзадӯзӣ ва ғайра)”, “Бофандагӣ (атласбофӣ, адрасбофӣ, читгарӣ)” ва “Коркарди метал (заргарӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, оҳангарӣ)” баргузор гардида, ғолибон бо дипломи дараҷаҳои 1,2 ва 3, Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотҳо қадр карда мешаванд.
http://khatlon-ruznoma.tj/