1250 ҷавон ройгон ронандагӣ меомӯзад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 861
Дирӯз, 13 июн, қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2022” ба тасвиб расид.
Тибқи ин қарор, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва комиссариатҳои ҳарбӣ бояд барои омӯзиши ройгони даъватшавандагон дар курсҳои ронандагӣ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят барои ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат заруратдошта муваззаф гардидааст. Ба ҳамин тартиб, тибқи нақшаи тасдиқшуда, дар давраи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2022 дар муассисаҳои таълимии Ташкилоти мададгори мудофиаи Хатлон ҷамъан 1250 ҷавон ба давраҳои омӯзишии ронандагӣ ва 224 нафари дигар ба курсҳои омӯзишии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ҷалб карда мешаванд.
http://khatlon-ruznoma.tj/