Кӯлоб: Ҷамъбасти корвони «Модарони ваҳдатсаро» ва баргузории даври вилоятии «Сад ранги чакан»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 843
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ифтихори 25 –умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 8 то 11-уми июни соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корвони «Модарони ваҳдатсаро» баргузор гардид.
11 июни соли 2022 даври ҷамъбастии корвони «Модарони ваҳдатсаро» ва даври вилоятии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” дар Қасри фарҳангии ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб доир шуд.
Нахуст, меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва санъати рассомӣ, ки дар саҳни Қасри фарҳангии шаҳр ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда, ба санъату ҳунари волои сокинони шарафманди шаҳри Кӯлоб баҳои баланд доданд.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад.
Дар идомаи баргузории Фестивали “Сад ранги чакан” раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр аз дастоварду комёбиҳои сокинони Кӯлобшаҳри бостонӣ ёдовар гардида, бо қаноатмандӣ зикр кард, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон-чакан аз зумраи онҳо мебошад.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки калимаи модар вожаи гӯшнавоз ва хеле самимӣ буда, баёну шуниданаш писанди ҳамагон аст ва ибораи Ваҳдат низ дар радифи калимаи модар ифодакунандаи меҳру муҳаббат, боҳамоӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ аст.
Дар қисмати дигари чорабинии корвони «Модарони ваҳдатсаро», даври вилоятии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” сурат гирифт, ки дар он намоиши либосҳои қадимаи чакан, кӯдакона, муосир, маросимӣ ва идона, инчунин намоиши либосҳои расмӣ, либосҳои гуногуни сӯзандӯзии тарроҳон ва бонувони муваффақи шаҳри бостонии Кӯлоб пешниҳоди ҳозирин гардид.
Барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва аҳли санъату ҳунари маъруфи кишвар, ки таҷассумгари ваҳдату ҳамбастагӣ, истиқлолияти сартосарӣ ва ҷаҳонишавии чакан омода гардида буд, пешниҳоди аҳли толор карда шуд.
Далер ШАРИФОВ, «Хатлон»