Меҳнат роҳат дорад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 674
Хоҷагии деҳқонии Чинигули деҳаи Навободи ноҳияи Кӯшониён имсол аз ҳосили бадастовардаи худ мамнун буда, барои парвариш ва ҷамъоварии ҳосили заминҳо камари ҳиммат бастаанд.
Роҳбари хоҷагии мазкур Сафаргул Шарифова буда, аз таҷрибаи чандинсолаи худ истифода намуда, замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқонии худро самаранок истифода менамояд. Мавсуф дар ихтиёри худ 1 га замини ёрирасон дошта, дар он помидор, бодиринг, боимҷон ва ҷуворимакка барои дон, мош, лӯбиё, гандум ва дар 8 сотихи боқимонда пахта кишт намуда, ба парвариш ва нигоҳубини онҳо машғул аст. Сафаргул Шарифова қайд медорад, ки умуман аз тухмиҳои навъи хитоӣ истифода намекунад, ҳамасола баробари ба даст овардани ҳосил қисме аз онро ҳамчун тухмӣ барои соли оянда захира менамояд ва ба тухмиҳои дигар навъ ниёзе намемонад.
-Оилаи ман калон аст, 5 фарзанд ва 19 набера дорам. Барои таъмини оила бо маводи озуқа қариб ҳама навъи озуқавориро дар заминам кишт намуда, захира менамоем ва боқимонда маҳсулотро ба бозор бароварда, ба фурӯш мегузорем. Аз қисмати дигар бошад, барои зимистонгузаронӣ захираи консерва мекунем. Имсол аз ҳосили меваю сабзавот беш аз 200 банкаи афшура, мураббо ва дигар намуди сабзавот омода намудаам,- гуфт С. Шарифова.
Сафаргул Шарифова таъкиду тавсияҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ намуда, ҳамасола барои оилаи худ захираи дусолаи озуқавориро таъмин менамояд. Ва ба дигар шаҳрвандоне, ки дар ихтиёри худ порчае замин доранд, тавсия медиҳад, ки аз ҳар як ваҷаби он оқилонаю сариштакорона истифода намоянд.
Фарида БАРОТОВА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...