Чӣ тавр бо қувваи худӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ ноил шавем?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 1 113
Дар шароити имрӯза истифодаи самараноки захираҳои замин дар кишоварзӣ дар назария ва амалияи хоҷагидорӣ ҷойи асосиро ишғол мекунад. Натиҷаҳои ниҳоии бадстовардаи корхонаҳои кишоварзӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои мамлакат аз дуруст ба роҳ мондани масъалаи мазкур вобаста аст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари камзамин ва аҳолиаш солҳои охир рӯ ба афзоиш аст, ҳаҷми бештари маҳсулоти кишоварзӣ тақозо мешавад ва масъалаи самаранок истифода бурдани захираҳои замин ҳамеша ба таҳқиқоти ҷиддии илмӣ ниёз дорад.
Истифодаи беҳисоби имкониятҳои заминҳои кишоварзии ҳудудҳои ҷумҳурӣ аз олимони соҳаи аграрӣ таҳияи қоидаҳои нав-моделҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои замину оби ҷумҳурӣ бо назардошти гуногунрангии ҷуғрофӣ ва боигариҳои беҳтарини табиию иқлимиро металабад, ки ҳамаи ин ба гузариш ба кишоварзии самараноки шакли бозорӣ мусоидат хоҳад кард.
Аз ин рӯ, дар шароити соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар назди аҳолии ҷумҳурӣ масъалаи ноил гардидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ бо қувваи худӣ ҷиддӣ истодааст. Ба ин ҳадаф бе истифодаи самараноки ҳамаи намудҳои захираҳо, махсусан захираҳои замин ноил гардидан ғайриимкон аст.
Илова бар ин, дар натиҷа мушкилоти самаранокии истифодабарии захираҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле пуршиддат гашта истодааст. Равандҳои манфӣ дар заминдорӣ ба пастшавии ҳолати сифатӣ ва чун оқибати он - ба коҳиши ҳосилнокӣ оварда мерасонад.
Дар асоси омӯзиш ва ҷамъбасткунонии таҷрибаи донишмандони иқтисодшинос оид ба заминистифодабарӣ мо чунин меҳисобем, ки самаранокии истифодабарии замин ва об аз истифодаи ҷавобгӯи манфиатҳои тамоми ҷомеа, соҳибмулкон ва истифодабарандагони замин мебошад.
Он истифодаи нисбатан мақсаднок ва аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовари хосиятҳои манфиатноки замин дар раванди истеҳсолот, ҳамкории ҳамоҳангшуда бо муҳити атроф, ҳифз ва такрористеҳсолкунии захираҳои заминро таъмин хоҳад кард.
Шодмон БАҚОЕВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...