Баҳри тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 838
Дар вилояти Хатлон баҳри тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон оид ба истифодаи замин, консервакунонию хушконидани меваю сабзавот, захиракунии маводи озуқаворӣ барои ду соли оянда, роҳ надодан ба хароҷоти беҳудаю исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, дар кишти такрорӣ бештар гузаронидани кишти зироатҳои лӯбиёгиҳо ва захираи донагиҳо дар хонаводаҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешаванд.
Ин тасмим дар ҷаласаи кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода гирифта шуд.
Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки аз ҳисоби фаъолон, вакилон, ҳизбиён, ҷавонон, занон, собиқадорони барӯманд, ходимони дин, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар сохторҳои зарурӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар ҳар ҷамоат, деҳаю маҳалла ва ҳатто хона ба хона оҳият ва самаранокии ҳидоятҳои Пешвои миллатро шарҳу тафсир диҳанд. Дар баробари ин, ба гурӯҳҳои корӣ дастур дода шуд, ки вобаста ба риояи қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, аҳамияти бештар зоҳир намудан ба тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, эҳтироми калонсолон ва падару модар, мунтазам тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди иттилою маълумоти тарбиявию ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот, аз даст надодани ҳушёрию зиракӣ бо сокинон суҳбату мулоқот анҷом диҳанд.
- Ҳамагон хуб медонем, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар давраи пандемия оид ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ, идораю ташкилотҳо ва ҳатто назди идораҳо, инчунин ташкили гурӯҳҳои ташвиқотию таблиғотӣ оид ба зарурати консервакунонӣ ва захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ самаранокии худро нишон дод. Имрӯзҳо, вазъи ҷаҳони муосир ва таҳдиди хатарҳои гуруснагию қаҳтӣ ҳамаи моро водор менамояд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро саривақту сифатнок иҷро намуда, амнияти озуқавориро таъмин созем, — таъкид намуданд Қурбон Ҳакимзода.
Ҳамзамон ба тамоми фаъолон ҷиҳати назорати рафти дарави ғалладонагиҳо ва вусъат додани кишти такрории зироатҳо, сифатан иҷро намудани дурнамои пешбинишуда, инчунин дар тамоми заминҳое, ки имконияти гузаронидани кишт доранд, пурра гузаронидани кишт, риояи ҳатмии қоидаҳои зиддисӯхторӣ дар ғаллазорҳо, ҳифзи ҳосили рӯёнидашуда аз сӯхтор, риояи қоидаҳои агротехникии парвариши зироатҳо, махсусан обёрии нашъунамо, коркарди байни қатор, озуқадиҳӣ ва мубориза барзидди касалию ҳашаротҳои зараррасони пахта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хотиррасон гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити мураккабу номусоид қарор дошта, зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии ватанамон дар партави сиёсати хирадмандонаю дурбинона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат бо истифода аз тамоми имконият тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.
http://khatlon-ruznoma.tj/