Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Барои рафъи мушкилоти бепулии банкоматҳо чӣ кунем?


Барои рафъи мушкилоти бепулии банкоматҳо чӣ кунем?


Имрӯзҳо дар назди банкоматҳо навбатпоии мизоҷони бонкҳо хело зиёданд. Вале дар бонкоматҳо пул нест ё зуд тамом мешавад. Шояд фикр кунед, ки ин ҳолат мушкилоти бонкҳо бошад, аммо ин тавр нест. Кормандони бонк ҳатто рӯзи шанбе ҳам банкоматҳоро аз пул пур мекунанд.

Ин камбудии худи мизоҷон аст, яъне аз маданияти ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Чӣ хел, мегӯед? 

Масалан, нафаре аз Россия ба номи ман маблағ мефиристад, ё маош, ё нафақа ба кортам мегузарад. Аз банкомат ҳамаи маблағро мегирам. Шояд ба ман дар як ҳафта 10 фоизи ҳамон маблағ лозим шавад. Мисли ман хело зиёданд онҳое, ки то охирин дирами корташонро мегиранд. Ҳамин тавр, дар банкоматҳо тез-тез норасоии пул дида мешавад ва мардум саргардон мешаванд.

Набояд фаромӯш кард, ки хизматрасониҳои бонкҳо барои мардум аст. Ба хотири ба чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ нашудан, хуб мешавад, ки фикри якдигарро намоем.

Парвиз Турсунзода ,
корбари фейсбук

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода