107 соли умри пурбаракат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 893
Абдутоҳир Қодиров 20-уми декабри соли 1916 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Соҳиби 7 фарзанд - 4 писару 3 духтар, инчунин 120 набера, 47 абера, 12 чабера мебошад. Соли 1950 ба хизмати аскарӣ даъват шуда, дар шаҳри Запарожеи Украина хизмат ба ҷо овардааст. Дар ҷанги Финландия иштирок кардааст. Айни замон сокини деҳаи Некмардони ҷамоати ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон мебошад.
Бобои Абдутоҳир ватани худ, деҳаи худро дӯст медорад. Дар умри бобаракати 107-солааш шоҳиди воқеаҳои гуногун гардидааст. Пастиву баландӣ, талхиву ширинӣ ва шебу фарози зиндагиро зиёд дидааст. Дар деҳаи Некмардони ноҳияи Балҷувон ба ҳайси колхозчӣ кор кардааст. Шоликорӣ як муддат манбаи даромади оилаи бобои Абдутоҳир будааст. Олучаву тутро хушк карда мефурӯхт ва аз ин ҳисоб низ зиндагиашро пеш мебурд. Гандум мерӯёнид. Гову гӯсфанди зиёд дошт. Моли худро ба минтақаҳои сабзу алафзори кишвар ба чаро мебурд.
Бобо меҳнатдӯст аст. Ба ҷавонон насиҳату маслиҳат медиҳад, ки ватани худро дӯст доранд, қонунҳои амалкунандаро риоя намоянд, ҳаққи ҳаром нахӯранд, мардумро фиреб надиҳанд, меҳнати ҳалол кунанд ва ба қадри падару модар бирасанд. Таъкид месозад, ки касе ватани худро дӯст намедорад, ӯ имон надорад. Инсон умри худро тарзе гузаронад, ки оқибат ангушти пушаймонӣ нагазад.
-Умри бобаракати 107-солае, ки ман дидам, ҳадяи Парвардигор аст,- мегӯяд бобои Абдутоҳир. Ин туҳфа на танҳо барои бобои Абдутоҳир аст, балки хоҳари азизаш низ дар умри 105-солагӣ қарор дорад. Хоҳараш дар ҳамсоягии бобо зиндагӣ мекунад.
Бобои Абдутоҳир ҳамеша барои мардум дуои хайр медиҳад. Тинҷиву амонӣ, сериву арзонӣ ва ободиву шукуфоии ватан ҳамеша дар забони ин пирамарди солхӯрда мебошад. Бобои Абдутоҳир пойи равон, дасти гиро ва ақли расо дорад. Мутаассифона, чашмонаш сустбино гаштааст. Бо вуҷуди ин, ӯ бо чашми ақл атрофро мебинад ва бе кумаки нафаре роҳ меравад. Ба боғи назди ҳавлиаш рафта, истироҳат мекунад. Ҳамеша ёди ҷавонӣ ва зиндагии ширинашро мекунад. Ҳамсараш дар паҳлуяш нест, бармаҳал аз дунё гузаштааст. Фарзандони баномусаш боборо хору зор накардаанд, ӯро парасторӣ мекунанд. Тамоми эҳтиёҷашро бароварда месозанд.
Мо-хонандагон ва аҳли кормандони рӯзномаи «Хатлон» ба бобои Абдутоҳир, пеш аз ҳама, саломатии бардавом ва лаҳзаҳои хуби умрро орзумандем.
Ҳамчунин, умри дарози Саъдиёнаро ба тамоми мардуми Тоҷикистон таманно дорем!
Аз Идора: Хоҳари 105-солаи бобо имрӯз давлати пирӣ меронад ва достони ҷолиби издивоҷи пурсадд ва хушбахтонаи ӯ бо шавҳараш, ки аз вай 20 сол хурд аст, дар шумораи оянда манзури хонандаи арҷманд мегардад.
Саёҳат Ғуломова,
рӯзноманигор