Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Оби маъдани Ҷайҳун 23 унсури кимиёвӣ дорад


Оби маъдани Ҷайҳун 23 унсури кимиёвӣ дорад



Муассисаи давлатии “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун соли 1995 дар заминаи лагери пионерии ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) таъсис дода шудааст. Муассиса то соли 1998 дар тавозуни Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи кишоварзии ноҳия фаъолият дошт ва солҳои 1998-2014 ба ихтиёри Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Аз соли 2014 муассиса ба ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

Дар муассиса тавассути боигариҳои табиии кишварамон беморон табобат мегиранд. Ин оби маъданӣ, ки аз ҳудуди ноҳия ҷӯш зада мебарояд, лойи табобатии ноҳияи Темурмалик, ҳамчунин муми кӯҳӣ (озекрит), ваннаи барқӣ ва маҳси дастӣ мебошад. Истироҳатгоҳи табобатӣ дар майдони 13 гектар доман паҳн намудааст. Биноҳои табобатию маскунии муассиса дар иҳотаи дарахтони ороишию сояафкан, мевадор ҷойгиранд, ки ин боиси ҳусну тароват ва ҳавои тозаву нафиси атроф гардидааст. Дар ин муҳити тоза дар иҳотаи гулзору дарахтони ороишӣ катҳои барҳаво, суҳбаткардаву харакҳои мувофиқ мавҷуданд, ки истироҳаткунандагон вақтҳои холигии худро бофароғат гузаронда, ба бозии шашкаву шоҳмот ва саққобозӣ машғул мешаванд.

Дар биноҳои табобатии муассиса дастгоҳҳои барқии солимгардонӣ (физиотерапевтӣ) мавҷуд буда, бештари табобатҳо бо истифода аз бойигариҳои табиии кишварамон ба ҷо оварда мешавад. Асоси табобати муассиса ин оби маъданист, ки аз қаламрави худи ноҳия, 30 км дуртар аз муассиса пайдо гардидааст. Оби маъданӣ дорои 23 намуд унсурҳои кимиёвӣ мебошад, ки коршиносони соҳа барои табобати бисёре аз касалиҳо тавсия намудаанд. Дар ин ҷо, ҳамчунин бо лойи табиии машҳури ноҳияи Темурмалик, муми кӯҳӣ (озекрит), ваннаи барқӣ (сандалӣ) ва маҳси барқиву дастӣ табобати ҳоҷатмандон ба роҳ монда шудааст. Ҳамаи маводҳои табиии табобатӣ барои касалиҳои ортрет, системаи асаб, миёндард (радикулит), устухони буғумҳо, касалиҳои занона, остеохондроз, безурётӣ давои нотакрорест, ки аз навиштаҳои табобатгирандагон дар китоби хотироти муассиса хондан мумкин аст. Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамасола аз моҳи апрел қабулро оғоз намуда, то моҳи ноябр дарҳои боз дорад. Дар 7 навбат, 490 нафар бо роҳхат, ки 18 рӯз давом мекунад, қабул карда мешаванд. Ҳамчунин, 120 нафари дигар имкон доранд бо нархи дастрас (67 сомонӣ барои як шабонарӯз) дар ин ҷо истироҳат карда, табобат мегиранд.

Ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ ва табобат барои истироҳаткунандагон якхела ба роҳ монда мешавад. Ҳоҷатмандонро духтури табобатӣ Ҷамшед Саидшарифов қабул намуда, мувофиқ бо дардмандиашон табобатро таъин менамояд.

Мутобиқ ба таъиноти духтур ҳоҷатмандон аз ваннаҳои оби маъданӣ, барқӣ, барқдармонӣ, маҳси дастиву барқӣ ва ғайра табобат мегиранд. Чуноне ки масъулини ин даргоҳ иброз доштанд, кормандони муассиса, ки солҳои зиёд фаъолият доранд, ҳама соҳибтахассусу ботаҷрибаанд. Маъмурият нақша доранд роҳу усулҳои муосири хизматрасонӣ ва табобатиро ба роҳ монанд, то ҳоҷатмандон, ки бо нияти табобатёбӣ инҷо меоянд, қаноатманд бошанд.

Маврид ба ёдоварист, ки азбаски истироҳатгоҳ дар биноҳои барои лагерҳои пионерӣ мутобиқшуда ҷойгир аст, баъзе норасоиҳо мавҷуданд. Аз ҷумла, набудани хати обу ташноб дар биноҳо, дастгоҳҳои муосири физиотеропевтӣ, ки оянда онро маъмурият аз ҳисоби маблағи замини ёрирасони худ, ки майдони 17 гектар мебошад, бартараф карданист. Дар заминҳои ёрирасон пахта, полезӣ, сабзавот ва ғайра парвариш меёбанд, ки барои пешравии кори муассиса мусоидат хоҳад кард.

И. ҲАСАНОВ,
З. ҲУСЕЙНОВ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода