Аҳлиддин ҷавони саховатманд аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 258
Дар партави сиёсати саховатмандонаи Пешвои-миллат зиёданд нафароне, ки ба ниёзмандон дасти кумак дароз мекунанд. Аҳлиддин Шамсов аз ҷумлаи онҳост. Ӯ корманди ҷавони НОБ-и «Норак» буда, дар ин баробар ба соҳибкорӣ низ машғул аст.
рам ба қадри имкон кӯшиш мекунам, ба ниёзмандон кумак расонам. Вақте ки як нафари ниёзманд ё маъюбе шод мешава, дилам таскин меёбад, аз худам розӣ мешавам, - мегӯяд Аҳлиддин. - Хурд будам, орзу мекардам, ки ба камол расам ба нодорони эҳтиёҷманд ёрӣ мерасонам. Мисли дигар мардони саховатманд дар пешрафту хурсандии ҳамватанонам саҳм мегузорам.
Амалҳои хайрхоҳонаву инсондустонаи Аҳлидин танҳо аз кумаки озуқаворӣ иборат нест. Вай дар ҳифзи саломатии сокинони маҳаллаш низ ҳисагузорӣ мекунад. Чуноне, ки ҳамдеҳагонаш мегӯянд, як сокини шаҳри Норак, ба бемории шадид гирифтор буд, вале имкони табобат надошт. Бо кумаки Аҳлиддин дар шаҳри Душанбе ба табобат фаро гирифта шуд ва ба зудӣ шифо ёфт. Дар ҳақиқат, иқдоми ин ҷавон боиси дастгир мебошад.
- Ман ин корҳоро ба хотири худнамои не, балки бо мақсади пешрафти Ватан анҷом медиҳам. Мехоҳам сафи ҷавонони саховатманди диёр зиёд шаванд. Агар ҳамаи мо дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми кӯчаки худро гузорем, Ватан ободу зебо мешавад. Дар оянда низ кӯшиш мекунам, ки кумаки беғаразонаи худро дареғ намедорам, - бо ҳисси ватандӯстона мегӯян Аҳлиддин.
Аҳлиддин Шамсов ният дорад, ки доираи соҳибкории худро васеъ намояд, то тавонад нақшаҳояшро барои кумаку дастгирии шахсони ниёзманд амалӣ кунад. Ӯ сохтмони як гармхона ва як фермаи чорвопарвариро дар нақша дорад. Мо дар амалӣ гардидани нақшаҳои нек ба Аҳлиддин барору комёбӣ мехоҳем.
Набиҷони САИДАБРОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...