Соҳибкори ободгар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 579
Дар ободонию бунёдсозӣ саҳми соҳибкорони ватанӣ ва маҳаллӣ хеле бузург аст. Онҳоро аз як ҷиҳат нангу номус аз ҷиҳати дигар бошад, ҳисси ватандӯстӣ водор месозад, ки ба чунин корҳои неку хайрхоҳона даст бизананд.
Яке аз чунин ҷавонони ободгар Муҳаммад Достиев ба шумор меравад. Ӯ қисме аз бинои собиқ даврони шӯравии ноҳияи Фархорро, ки он вақт комбинаташ мегуфтанд, имрӯз соҳибмулк шуда, барои хизмат расонидан ба мардум ҷойи кор муҳайё намудааст.
Дорухонаи байторӣ, маркази хизматрасонии яке аз ширкатҳои мобилӣ, ки дар хизмати мардум мебошанд, бо сифати баланд рангубор дода шуданд. Толори васею барҳавои сартарошхона барои 8 устои сартарош азнавсозӣ шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъминанд.
Дар ошёнаи сеюми бинои мазкур бошад, барои 10 ҷойи корӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳад шуд.
Нуралӣ ҲАҚНАЗАР,
ноҳияи Фархор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...