Шикояти падар аз болои фарзанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 096
Падари солхӯрдае ба назди қозӣ омад ва аз писараш шикоят кард.
Пирамард гуфт:
- Ман омадам, то шикоят кунам.
Қозӣ гуфт:
- Бар зидди кӣ?
Пирамард ҷавоб дод:
- Бар зидди писарам.
Қозӣ ҳайрон гардид ва надонист чӣ посух диҳад.
Пирамард сухани худро идома дода гуфт:
«Гарчанде ман хеле сарватмандам, аммо мехоҳам аз писарам ёрдампулии ҳармоҳа бигирам».
Қозӣ хеле дар ҳайрат монд, маълумот ва номи писарро гирифт ва фармуд, ки писарро ёфта биёранд.
Писарро оварданд.
Қозӣ ба марди дар муқобилаш буда нигариста гуфт:
- Қиммати ҳармоҳа пардохт пули ба падарат 10 дирҳам аст. Падарат ҳамин тавр мехоҳад.
Писар гуфт: «Падарам чӣ гуна аз ман маблағ мехоҳад, дар ҳоле ки соҳиби амволи ҳангуфти ғайриманқулу замин буда, хеле бой аст. Чӣ тавр ӯ чунин пули ночизро талаб мекунад?»
Қозӣ гуфт: «Падарат ҳамин хел мехоҳад!»
Писар гуфт: «Ҷаноби қозӣ, агар маро бо ин миқдор ҳукм кунед, ман ҳар моҳ он маблағро ҷамъ мекунам»...
Қозӣ гуфт: Бале!
Пас, қозӣ падар ва писарро даъват карду гуфт: «Қарори додгоҳ ин аст, ки фалонӣ ба падараш мувофиқи хоҳиши падар ҳар моҳ 10 дирҳам ёрдампулӣ супорад, ҳукм барои иҷро то зинда будани падар».
Пеш аз он, ки падар ва писар аз толори додгоҳ берун шаванд, қозӣ бо ҳисси кунҷкобӣ дар назди писар ба падари писар гуфт:
- Иҷозат диҳед аз Шумо бипурсам, ки чаро ин корро кардед, яъне аз писаратон шикоят намуда, дар як моҳ маблағи хеле ночиз хостед, ки барои ӯ ҳар моҳ муқаррар кунем, гарчанде, ки Шумо хеле сарватмандед ва ба он ниёз ҳам надоред?
Падар ашк рехта гуфт:
«Ман писарамро пазмон мешавам, ӯро хеле кам мебинам ва ба ӯ часпида канораш буда наметавонам, бо ман умуман наменишинад ва ба ман эътибор намедиҳад, бо ман гап намезанад, барои ҳамин ариза дода, шикоят кардам, ки аз дидани ӯ ҳар моҳ як маротиба ҳам бошад, қаноатманд гардам».
Қозӣ аз шунидани ин суханҳо гиря карду гуфт: «Қасам ба Худо, агар қаблан сабабашро ба ман мегуфтӣ, ҳукм мебаровардам, ки ӯро зиндонӣ намоянд...!»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...