Ҷавонон рӯ ба китоб оварданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 890
Иқдоми неку сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби оммаи мардум бо хушнудӣ дастгирӣ ёфта, ҷиҳати аз худ намудани дониши сиёсӣ, илмӣ, бадеӣ ва дар баланд бардоштани савияи дониши зеҳнии қишри ҷомеа табадулоти маданиро ба вуҷуд овард.
Дар ин раванд иқдоми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи туҳфа намудани асари барҷастаи таърихии мутафаккири машриқзамин Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар як оила аз ҷониби мардуми кишвар хуш пазируфта шуда, барои донистан ва аз худ намудани таърихи гаронбаҳои аҷдодиамон, ки машҳури ҷаҳонӣ гардидааст, асос гузошт.
Худшиносии миллӣ, маърифати фарҳангӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон такмил ёфт. Завқу шавқи ҷавонон ба китобхонӣ афзуд ва барои аз худ намудани дониш шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Шумораи зиёди хонандагон ва донишҷӯйён дар олимпиадаҳо, маҳфилҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Моҳи апрели соли ҷорӣ мавсими даври нахустини озмуни“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Бохтар баҳри иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур тамоми чораҳо андешида шудааст. Бо ташаббуси кафедраи забонҳо ва ҳайати комиссияи озмун дар коллеҷ 64 нафар довталабон аз ҳисоби омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол аз рӯйи чор номинатсия аллакай ба қайд гирифта шудаанд, ки ба онҳо омӯзгорони касбӣ ва собиқадор тибқи барномаи тарҳрезигардида мунтазам корҳои омӯзишӣ мебаранд. Китобхонаи муассисаи таълимӣ дорои 4406 китоби таълимӣ, фаннӣ, тиббӣ, методӣ, бадеӣ ва гӯшаи китобҳои намунавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз китобхонаи электронӣ иборат аз 8 ҳазор нусха ва 8 компютер барои истифодабарии донишҷӯён иборат буда, ба интернет васл гардидааст, ки аз онҳо омӯзгорон ва донишҷӯён самаранок истифода мебаранд.
М. ШАРИПОВ,
сармутахассиси шуъбаи таълимии
“Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоӣ”-и
шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...