Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ВАТАНПАРАСТИРО АЗ ПАДАР ОМӮХТАМ


ВАТАНПАРАСТИРО АЗ ПАДАР ОМӮХТАМ



Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Вақте мо дар бораи ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан пеши назар меояд. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд».

Қаҳрамони навбатии мо яке аз ҳамин гуна ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст аст, ки бо хоҳиши худ ва ҳидояти модар ба хизмати ҳарбӣ рафт. Иқбол Акрамзода, ки то имрӯз ба ҳайси ёвари муовини раиси вилояти Хатлон фаъолият мекард, тасмим гирифт, ки сарбаландона ба сафи Артиши миллӣ пайвандад.

Эй Ватан, эй кишвари озодаам,
Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.
То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,
Гаштаам, Модар-Ватан, сарбози ту.

Иқбол хатмкардаи зинаҳои бакалавриат ва магистратураи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯйи ихтисоси фаъолияти гумрукӣ мебошад.

Падари Иқбол - марҳум Акрамҷон Кенҷаев 26 солу шаш моҳи умрашро сарфи хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намуда, аз ходими қаторӣ то подполковники милитсия расидааст. Зимни иҷрои вазифаи пуршарафи хизматӣ падараш ба ҳалокат расидааст.

Сарфи назар аз ин, модари Иқбол – Мунира Наҷмиддинова ба писараш дуо дод, то ба мисли падараш сарбаландона адои хизмат ба ватан кунад.

Мунира Наҷмиддинова ҳамшираи шафқат аст, аммо феълан хонашин буда, ба тарбияи фарзандон машғул аст. Модари Иқбол бо ифтихор ва қаноатмандӣ мегӯяд: “Хизмат ба ватан мардро обутоб дода, ба қадри арзишҳои бузурги инсонӣ мерасонад, ба монанди падару модар ва наздиконро дӯст доштану қадр кардан, афзудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ва амсоли инҳо. Инро ман аз таҷрибаи зиндагии хеш мегӯям. Марҳум падари Иқбол, ки ҳамеша дар ҳимояи ватан буд, наздиконро низ хеле хуб эҳтиром мекарду дӯст медошт. Аз ин рӯ, ман мехоҳам, ки фарзандонам низ мисли падарашон ифтихори баланди ватандорӣ дошта бошанд”.

Иқбол Акрамзода, ки бо хоҳиши хеш ба хизмати ҳарбӣ меравад, зимни суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” гуфт: “Инсони хушбахт ҳамонест, ки дар оғӯши ватани азизаш ва ҳамзамон дар оғӯши навозишкоронаи модари меҳрубонаш ба воя расидааст. Оре, ин ду муъҷиза гиромӣ, нотакрор ва пурарзиш ҳастанд. Баҳри онҳо ҷоннисорӣ ҳам кам аст. Барои ҳамин ба ҳар як шахс хизмат ба ин ду муъҷиза вазифаи муқаддас ва ҳатмист. Чунончи, Афлотун гуфтааст, «алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба ватан нест». Аз ин рӯ, мо бояд ин алоқаро устувор кунем. Ибрози эҳтиром ба ватан на ба гуфтор, балки ба кирдор аст”.

Иқбол фарзанди калонии хонавода буда, як додари муҳоҷир ва ду хоҳар – яке донишҷӯ ва дуюмӣ хонандаи мактаб – дорад. Модари Иқбол мегӯяд, ки бо фарзандаш ифтихор мекунад ва орзуманд аст, ки писараш ва ҳамаи наваскарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқатмандона хизмати ҳарбиро адо намуда, сиҳату саломат ва сарбаландона ба назди пайвандони худ баргарданд.

Иқбол Акрамзода пеш аз гусел ба хизмати ҳарбӣ афзуд: “Хизмат кардан дар сафи артиш бароям шараф аст. Ифтихор мекунам, ки либоси низомӣ ба бар мекунам ва барои ҳифзи Ватани азизам доимо тайёр ҳастам.

Ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлол, шукрона мекунам, ки дар Тоҷикистони сулҳобод зиндагонӣ дорам ва барои таъмини амнияти он ҳиссае мегузорам. Аз ҷавонон хоҳиш ба амал меорам, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ва иҷрои қарзи шаҳрвандии худ ихтиёран ба хизмати аскарӣ шомил шаванд”.

Дар ҳақиқат, мо бояд аз мактаби наслҳои калонсол сабақи ватандорию бунёдкориро омӯзем. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсиву ҳусни тадбир, ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошад.

Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода