Кабкҷанг
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 627
Кабкҷанг (кабкбозӣ), яке аз шуғлҳои анъанавии ҷавонону мардони тоҷик буда, ин навъи бозӣ аз замони қадим дар байни мардуми вилоятҳои Хатлону Суғд, водиҳои Зарафшону Ҳисор, Рашт, Бадахшон маъмул аст. Кабкҷанг дар байни тоҷикон яке аз бозиҳои машҳури ҷашни Наврӯз, сайру идҳои оммавӣ ба ҳисоб меравад. Он дар ҳалқаи дӯстдорони ин бозӣ мегузарад ва ба бозиҳои бедонаҷангу хурӯсҷанг монанд аст. Соҳибони кабк ба ҳам шарт мебанданд, ки кабки касе мағлуб шавад, ба соҳиби кабки ғолиб маблағи муайяне медиҳад. Баъзан мухлисон ҳам бо якдигар шарт баста, барои ғолибияти яке аз кабкҳо пул мегузоранд. Кабкҳоро ба майдон сар дода, то лаҳзаи гурезон шудани яке аз кабкҳо ҷанг идома меёбад.
http://khatlon-ruznoma.tj/