Хурӯсҷанг
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 866
Хурӯсҷанг, як навъ бозии маъмулии бачагону ҷавонони деҳот мебошад. Хурӯсҷанг дар шакли намоишӣ ва мусобиқавӣ дар ҷашнҳои Наврӯз, сайрҳои баҳорӣ ва баъзе маъракаҳои мардумӣ баргузор мегардад. Ҷавононе, ки ба парвариши хурӯси ҷангӣ шуғл доранд, онҳоро “хурӯсбоз” меноманд. Онҳо хурӯсҳоро муддатҳои дароз дар шароити хона тарбия намуда, ба мусобиқа омода мекунанд.
Дар ҷашни Наврӯз хурӯсҷанг дар майдони гӯштингирӣ, ки гирдогирд бо тамошобинон иҳота шудааст, барпо мешавад. Ду нафар довталаб хурӯсҳои худро дар майдон сар медиҳанд. Хурӯсҳо ба якдигар ҳамла карда бо қафаси синаашон якдигарро мезананд. Ҳамон хурӯс мағлуб шуморида мешавад, ки рӯ ба гурез ниҳад.
Баъзан қувваи хурӯсҳо баробар буда, мусобиқа ба таври мусовӣ анҷом меёбад. Соҳиби хурӯси ғолиб бо мукофот қадр карда мешавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/