Чилакбозӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 747
Навъе аз бозиҳои қадимии халқии бачагона, ки дар байни наврасон баргузор мешавад, чилакбозӣ мебошад. Чилакбозӣ бештар дар фасли баҳор, бахусус дар айёми Наврӯз сурат мегирад. Ин бозӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо номҳои “чиллакбозӣ”, “акколбозӣ”, “чиллакдангал”, “ликакбозӣ”, “чиллакқаҳрӣ”, “лашбозӣ”, “чилик-пилик” ва ғайра машҳур аст. Бозии мазкур навъҳои гурӯҳӣ ва якнафарӣ дорад. Дар айёми Наврӯз бештар чиллакбозии гурӯҳӣ барпо карда мешавад.
Бозӣ таври зайл сурат мегирад: бозигари дастаи якум дар дохили давра истода, чиллик (чӯбча)-ро бо ченчӯб (акколдаста) ба масофаи дур ҳавола медиҳад. Бозигари дастаи дувум чилликро аз ҷойи ба замин афтодааш гирифта, ба даруни давра ҳаво медиҳад.
Бозигари дохили давра кӯшиш менамояд, ки бо чусту чолокӣ чилликро бо ченчӯб зада аз давра дур кунад. Агар чилликро аз давра дур карда тавонад, масофаи аз давра то ҷойи афтодани чилликро бо ченчӯб чен мекунанд. Масалан, агар ин масофа 25 баробари ченчӯб бошад, муҳофизони давра соҳиби 25 хол мешаванд.
Дастае, ки холҳои бештар мегирад, ғолиб дониста мешавад. Ғолибон мағлубонро бо тарзи махсус «ҷазо» медиҳанд. Бозигарони дастаи ғолиб чилликро бо даст баробари қад боло ҳаво дода, онро то ба замин афтодан бо ченчӯб якчанд бор мезанад.
Фарз кардем, ки бозигарони дастаи ғолиб дар маҷмӯъ, чилликро бо ченчӯб 3 маротиба зананд, пас мағлуб вазифадор аст, ки чиликро аз ҳамон ҷо гирифта, то хатти марра бо як нафас “зу-у-в” гӯён давида ояд. Дар баъзе минтақаҳои дигар намуди ҷазо фарқ мекунад. Масалан, дар Масчоҳи Кӯҳӣ ба ҷойи “зу” гуфта давидан, ҷазои якпоя ҷаҳида омадан, дар ноҳияи Ҳисор бошад, бозигари мағлуб чилликро болои гӯшаш гузошта, ба сӯйи давра медавад.