Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Модар ҷаннати одаму олам аст


Модар ҷаннати одаму олам аст



Дар ҳаёт, одатан мавриди баҳсу мунозираҳо, одамон бештар номи се модарро ба забон мегиранд: “Табиат”, “Модар”-“Ватан”. Оқилтарину зеботарини онҳо “Модари инсон” буда, табиату ватанро бо ақлу хиради худ ободу зебо карда метавонанд.

Агар зан-модарони сулҳдӯсти рӯйи олам азму суботи қатъӣ намоянд, бо хешу фарзандони худ мардуми ҳамаи мамлакатҳоро муттаҳид карда, бо ҷиду ҷаҳд дар муддати муайян “Табиат” ва “Ватан”-ро ба биҳишти афсонавӣ табдил медиҳанд. Агар модарони сайёраи мо ба ҳам забон як кунанд, бе ихтиёр, сулҳро дар рӯи ҷаҳон, шароити зиндагии хубро барои фарзандон ва осоишу осудагиро барои хурду калон то абад фароҳам оварда метавонанд.

Ситоишу парастиши модарро натанҳо инсонҳо, балки ҳайвоноти хонагиву ваҳшӣ, парандаю хазандаҳо дарку эҳсос карда, ба модари худ меҳру муҳаббати беандоза доранд.


Ашк ЮСУФӢ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода