Ин 8 март 102-юм солгарди момои Ойимгул аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 292
Рӯзи 8 март барои момои Ойимгул Сангова рӯзи муқаддас аст. Зеро ӯ дар ин рӯз ба дунё омадааст. 102 сол боз рӯзи мавлудашро дар ҳалқаи азизонаш қайд мекунад. Ӯ 8-уми марти соли 1920 дар деҳаи Хуҷалишои Оби Гарм ба дунё омадааст. Солҳои 1924-1925 ба водии Вахш кӯч бастанд. Аз хурдӣ ба пахтачинӣ машғул буд ва дар колхоз кор мекард. Волидон ӯро дар синни 17-солагӣ ба шавҳар доданд.
Ҳангоми ворид шудан ба ҳавлии момои Ойимгул, мо ӯро дар назди танӯр дарёфтем, ки ӯ бо духтари худаш машғули нонпазӣ буд. Бовариамон наомад, ки дар ин синну сол неруяшро аз даст надодааст. Ӯ тааҷҷуби маро пай бурда гуфт: “Ман Ойимгул, хуш омадӣ, писарам”. Моро ба хона даъват карду даррав дар хона дастархон орост, нони гармро аз танӯр ба пешамон овард. Мо ҳайрон мондем, ки чи гуна дар ин синну сол мисли духтари ҷавон кор мекунад.
- Ман ҳоло ҳам дар баробари келину фарзандонам кори хонаро иҷро мекунам. Имрӯз навбати ман будааст, келинам ба кори дигар банд аст, ман ба духтарам кумак кардам. Агар рӯзе ба хона меҳмон ояд ва келину духтарам набошанд, омадани онҳоро мунтазир намешавам, меҳмононро зиёфат медиҳам. Ҳоло ҳам боқувватам, - гуфт момои табарруки 102-сола.
Момои 102-сола 10 фарзандро ба дунё овардааст. 4 нафари онҳо аз олам даргузаштанд. Ҳоло дар канори 6 духтару 1 писараш даврони пирӣ меронад. Беш аз 20 набера дорад. Ҳамеша рӯзи 8 март набераю абераҳо ба табрики момо меоянд. Туҳфаҳои беҳтарини онҳо ба момо ин як даста гул аст. Зеро ӯ гулро дӯст медорад ва аз ин туҳфа хушаш меояд. Дар ин рӯзи мубораки 8 март момои Ойимгул Санговаро ба муносибати зодрӯзаш табрик намуда, барояш саломатӣ ва хушиҳои зиндагиро орзу мекунем.
Набиҷони САИДАБРОР, “Хатлон”