Соҳибдиле аз даҳр рафт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 367
Аловуддин яке аз ҳунармандони бисёр соҳибзавқ, дорои истеъдоди фавқулода буд. Ӯ худаш ҷавоби як дастаи мукаммали ҳунармандонро дода метавонист. Зеро якчанд нақшро дар як вақт бозӣ мекард. Ҳар кадоми онро бо назокати махсус иҷро мекард. Аловуддин соҳиби дили бузург, инсони шариф, фурӯтан буд.
Ҷашни Наврӯзе, ки дар пеш истодаасту дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегузарад, бо ин мақсад мо ба ин ноҳия ва шаҳри Бохтар бисёр меомадем. Аловуддин ҳамеша моро ҳамроҳӣ мекард. Охирон маротиба ба ман гуфт: “Дар мо намоишҳои ҳаҷвӣ бисёранд. Ака, намешавад, ки ман баромад накунам”. Гуфтам, не, ту бояд баромад кунӣ. Ту омода бош, ягон суруди ҳаҷвии Наврӯзӣ омода кун, бо ҳамроҳии ҳамаи ҳунармандон якҷоя баромад мекунед. Бе ту намешавад, ин чорабинӣ. Сад дареғ, ки Наврӯзи имсола бе ӯ мегузарад. Садҳо дареғ, ки ҳамин гуна ҷавони соҳибдил ва хушис-теъдод аз байни мо рафт. Худо раҳматаш кунаду манзили охираташро обод гардонад.
Ибодулло МАШРАБОВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон