Ёдат ба хайр, ифтихори миллат!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 1 072
Ҷойи ӯ пур накунад ҳеҷ касе,
Мисли ӯ нест дигар хушнафасе.
Мақомоти иҷроияи ҳоки-мияти давлатии вилояти Хатлон бо андуҳи гарон аз даргузашти бармаҳали Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Абдуллозода Аловуддин хабар дода, изҳори тасаллияти амиқи худро ба фарзандон, аҳли хонавода, бародарон, хешу ақрабо, дӯстону ҳампешагон ва кулли алоқамандони ҳунари нотакрори ӯ баён менамояд.
Дар ҳақиқат, Абдуллозода Аловуддин яке аз ҳунармандони касбии театри тоҷик, ҳаҷвнигори шинохта ва сербинандатарин буда, хизматаш дар рушди соҳаи фарҳанги вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ беназир аст.
Марҳум 15 майи соли 1965 дар шаҳри Бохтар ба дунё омада, Шаҳрванди фахрии ҳамин шаҳр мебошад.
Бо ҳунари нотакрораш на танҳо дар миёни сокинони Хатлонзамин, балки кулли мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ маҳбубу муътабар гардидааст.
Дар тамоми сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки ҳазорҳо мардум аз даргузашти бармаҳали ин ситораи тобони ҳунари тоҷик ҷигархун шудаву арзи ҳамдардӣ мекунанд.
Ҳунарманд соли 1989 Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, корро дар театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуд. Ӯ дар ин ҷо ба унвони ҳунарпеша, коргардон ва баъдан чандин солҳо роҳбарии театри болозикрро ба дӯш дошт.
Ҳунарманди маъруф бо таҳияи барномаи «Шӯхиҳои Аловуддин», ки тайи 10 соли охир дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон сабт ва пахш карда мешуд, миёни тамошобини тоҷик аз маҳбубияти хос баҳравар буда, ҳаводорони ҳунараш ӯро самимона дӯст медоштанд ва мутмаинем, ки то абад дар қалби мардуми фарҳангдӯсти тоҷик ҷойгоҳи махсус хоҳад дошт.
Аловуддин Абдуллозода дар намоишҳои театрӣ ва филмҳои гуногун нақшҳои мондагор офаридааст.
Давлату Ҳукумати То-ҷикистон хидматҳои пурарзиш ва саҳми муносиби ӯро дар пешрафти кори соҳа, баланд бардоштани камолоти маънавии мардум, тарбияи шогирдон ба инобат гирифта, соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоис-таи Тоҷикистон ва соли 2013 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонидааст.
Мегӯянд, ки бузургон намемиранд, онҳо танҳо аз пеши чашм дур мешаванд, аммо дар умқи қалбҳо маскан мегиранд.
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Абдуллозода Аловуддин аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик аст.
Ёдат ба хайр, ифтихори миллат, макони охиратат ободу пурнур бод!
Алвидоъ,
Алвидоъ,
Алвидоъ!