Омӯзгор – калиди истиқлолияти фикрӣ ва роҳнамо ба ҷаҳони ҳунар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 905
“Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд”.
Пешвои миллат -Эмомалӣ РАҲМОН
Аз сарсонӣ то хушиқболии як зан
Борҳо шоҳиди он гаштаем, ки бисёре аз мардон садди роҳи илмомӯзии ҳамсарони хеш мешаванд. Кам вохӯрдаем бо заноне, ки шавҳар онҳоро соҳиби маълумоти олӣ карда бошад. Қаҳрамони мо аз қабили занони хушиқболест, ки ҳамсар ӯро соҳиби чандин диплому сертификат гардонидааст. Шавҳар буд, ки тамоми армонҳои ношикастаи як духтараки ятимро бароварда сохтааст. Бо вуҷуди он ки ӯ чаҳор духтар ба дунё овардааст, ҳамсар мисли баъзе мардон аз ӯ норозӣ нест. Баръакс, мехоҳад ҳамсари азизаш ба мартабаҳои баландтар бирасад.
Ҳамсуҳбати навбатии мо нафарест, ки ҳам омӯзгор асту ҳам ҳунарманд.
Занест, ки дар зиндагӣ аз сарсонӣ то хушиқболӣ расидааст.
Фарида Латифова бонуи кушодачеҳра, зиндадилу хушсухан аст ва ҳамагӣ 37 сол дорад.
Фарида дар оилаи зиёӣ дар ноҳияи Панҷ чашм ба олами астӣ кушодааст. Ӯ дар оила фарзанди ёздаҳумин буд. Аммо Фарида ҳамагӣ 10 сол аз муҳаббати модар баҳравар гардидаасту халос. Бо омадани модарандар апаҳо Фаридаро бо навбат ба тарбияи худ гирифтанд. Ӯ як муддат дар хонаи яке аз аз апаҳо дар ноҳияи Панҷ ва баъдан дар шаҳри Турсунзода дар хонаи апаи дигараш зиндагӣ кардааст.
- Замоне ки дар шаҳри Турсунзода будам, - мегӯяд Фарида, – то синфи 9 таҳсил карда, баъдан дар корхонаи истеҳсоли алюминий фаъолият доштам. Падарам дар синни шонздаҳсолагӣ маро ба шавҳар доданд. Баъди сарсониҳо бахт ба рӯйи ман ханда кард. Ҳамсараму бародаронаш низ ятим буданд. Онҳо маро дар пухтани хӯрок кумак мекарданд. Ҳамсарам бароям ҳам модар шуду ҳам ҳамсар, кӯдаконамро низ шавҳарам парпеч мекард. Баъди соҳиби ду фарзанд шудан ҳамсарам, ки худ маълумоти олӣ надошт, тасмим гирифт, ки маро соҳибмаълумот созад.
Гомҳои нахустин ба сӯйи илму маърифат
Аввалин қадамҳояшро Фарида дар идораи шуғли аҳолии №66-и шаҳри Душанбе гузоштааст. Ӯ аз рӯйи низоми кор дар он марказ бояд дар як рӯз 50 адад матрас медӯхт, аммо ӯ 100-то чунин кӯрпа месупорид. Масъулиятшиносии Фаридаро ба назар гирифта ба ӯ, кӯмакпулӣ, дипломи сурх ва шаҳодатномаи хатми он давраи омӯзиширо тақдим намуданд.
Қадами дувуми Фарида дар роҳи илмомӯзӣ коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) буд. Он ҷо дар ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ таҳсил кард.
Баъди хатми коллеҷ шавҳар Фаридаро маҷбур сохт, ки таҳсилашро дар донишгоҳ идома диҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ӯ соҳиби маълумоти олӣ гардид.
Фарида замони донишҷӯӣ дар муассисаи таълими томактабии №10-и шаҳри Бохтар ба ҳайси ёрдамчии мураббӣ ва пас аз соҳибмаълумот шудан, ба ҳайси мураббӣ кору фаъолият намуд. Баъдан дар кӯдакистонҳои №2 ва №9 низ ба ҳайси мураббӣ кору фаъолият кардааст.
Фарида аз он ки омӯзгориро дӯст медораду мураббӣ шуда кор мекард, норизо нест. “Кӯдаконро хеле дӯст медорам, дар дунёи онҳо буданро низ. Азбаски шавҳарам муҳоҷир асту ман соҳиби чаҳор гулдухтари қадрас, барои онҳо низ бояд вақт ҷудо созам, то беназорат намонанд. Аз ҳамин хотир, тасмим гирифтам, ки корамро иваз намоям”, - идома дод ӯ зимни суҳбат.
Ҷодаҳои кору зиндагӣ: аз мураббӣ то омӯзгор
Фарида тӯли ду сол мешавад, ки омӯзгорӣ мекунад. Боз аз нуқтаи мушкил корро оғоз намудааст. Дар маркази инкишофи кӯдаки назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Бохтар фаъолият дорад. Бо кӯдаконе, ки барои мактаб омода мешаванд, ҳар рӯз дарс мегузарад, бо онҳо ҳар гуна бозичаҳо месозад.
Рассомӣ шуғли дигари Фарида аст. Ин ҳунарро аз падари равоншодаш омӯхтааст.
Шавқи мӯд ӯро ба дунёи дигар бурда. Дар Маркази таълими калонсолони назди идораи шуғли аҳолии шаҳри Бохтар курси компютерӣ ва дизайнериро низ хатм намудааст. Ҳамчунин давраи омӯзиши забони англисиро низ ба поён расонидааст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, шавҳар мехоҳад, ки Фарида ҳамшираи тиб шавад. Аммо ӯ мегӯяд, ки навбатро ба фарзандон медиҳад. Духтари калонии Фарида ҳоло донишҷӯи бахши химияи коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар, дуи дигар хатмкунандаи мактаб ва чаҳорумӣ дар синфи якум мехонад. Фарзанди хурдӣ дар бахши гимнастика тамрин мекунад ва имсол дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро ишғол намудааст.
Дастони пурҳунари Фарида
Фарида бонуи қавиирода ва хушзеҳн аст. Ӯ дар соатҳои холӣ ба сохтани ҳар гуна сабадҳо, навиштани қиссаҳои афсонавӣ ва таҳияи нашрияҳои деворӣ машғул мешавад. Инчунин, бо муҳра дастбанду кокул, қанҷаку ҳар гуна гӯшвораҳо, бо ришта ҷӯробу ҷелак мебофаду боз ҳунари гулдӯзӣ низ дорад.
Маъмурияти МТМУ №4 ҳунару малака ва таҷрибаи ғании Фаридаро ба назар гирифта, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ният дорад, ки дар таълимгоҳи мазкур барои наврасон гӯшаи омӯзиши ҳунарҳои мардумиро кушояд.
Фарида тамоми барномаҳои телевизионие, ки дар онҳо усули сохтани ҳар гуна ашёҳоро нишон медиҳанд, сабт мекунаду такрор карда меомӯзад. “Ҳатто ҳар шаб барномаи телевизиони “Россия”-ро, ки дар он ҳунарманди русе бо матоъҳои партовшуда ҳар гуна лӯхтак месозад, низ бо шавқ тамошо мекунам ва баробари ӯ, ман низ омода мешавам. Ман бо чандин кӯдакистон ҳамкорӣ дорам. Барои боғчаҳо чизҳои лозимаро месозам ва аз ин корам лаззат мебарам. Имсол бо нашрияи девории хеш, ки аз рӯйи сужети филми тасвирии “Маша ва хирс” бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон” сохта будам, дар байни 17 мактаб ҷойи аввалро ишғол намудам. Инчунин, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ низ аз тарафи Раёсати маорифи вилоят барои сохтани чунин суроб бо Ифтихорнома сарфароз гардидам”, - мегӯяд Фарида Латифова.
Дар ҳақиқат, азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст. Муаллимоне чун Фарида, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму донишанд.
Ҳангомаи ИСМАТ
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
22-10-2021, 12:54
Ҳадафи аслии марҳилаи 9-уми Лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV), ки аз ҷониби филиали ГОПА...
-
17-12-2021, 14:07
Барои як зан рӯйи даст ҷон додани ҳамсари ҷавон ва бо ӯ видоъ гуфтан кори осон нест. Барои як зан...