Абӯрайҳони Берунӣ – алломаи тоҷиктабори Машриқзамин
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 959
Миллати тоҷик ва дар миёни мардуми ориёинажод бо расолати фарҳангии худ, ки дар назди инсоният доранд, бешубҳа, мардуми хушбахтанд, зеро саҳми онҳо дар ташаккули илму фарҳанги ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар масъалаи муносибати Берунӣ ба назарияи ҳаракати Замин дар таърихи илм чунин ақидае маъмул аст, ки мувофиқи он Берунӣ ҳамчун «Коперники асрҳои миёна» муаррифӣ мешавад.
Берунӣ ба ақидаи олими атиқаи юнонӣ Птолемей оид ба он ки Замин маркази коинот аст ва аз ҷой намеҷунбад, зид баромад. Ба ақидаи Берунӣ, Замин шакли гирдро дошта ва гирди Офтоб давр мезанад. Берунӣ 500 сол пеш аз ситорашиноси лаҳистонӣ Коперник оид ба асоси сохти системаи Офтобӣ фикри худро баён карда буд.
Падидаи ҷаҳонӣ будани илмро аз баррасии осори мутафаккироне чун Абубакри Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дарёфтан мумкин аст. Ин олимони тоҷикзабон (хоразмиву суғдиву хуросонӣ), ки дар бештари риштаҳои дониши замони худ осори пурарзиш офаридаанд, дур аз таассуботи минтақавӣ, милливу мазҳабӣ ва идеологӣ дар таблиғу интишори илм кӯшидаанд ва дар ба вуҷуд овардани илми сатҳи ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд.
Абурайҳони Берунӣ аз ин мавқеъ осори илмии худро бо истифодаи фаровон аз тамоми манбаъҳои дастраси замони худ, ки аз паҳлавиву ҳиндӣ, калдониву мисрӣ ва юнониву суриёнӣ ба арабӣ гардонида шудаанд, таълиф кардааст. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Берунӣ саҳми ҳар яке аз ин тамаддунҳоро дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба хубӣ нишон додааст. Бояд гуфт, ки то ба имрӯз ин гуна ашхос дар дунё ангуштшуморанд.
Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ 6 сентябри соли 973 мелодӣ дар деҳаи Коси мавзеи Хоразми давлати Сомониён дар оилаи тоҷик ба дунё омада, дар байни аҳли касбу ҳунар ба воя расид.
Забони модарии Берунӣ хоразмӣ буд, онро дӯст медошт ва дар «Китоб-ус-сайдана» навиштааст, ки агар пурсанд, ки «…ба кадом забон афзалият бидиҳам, ман ҳатман забони хоразмиро интихоб мекунам». Забони дуюми Берунӣ форсӣ буд, вале бештари асарҳои илмии худро ба забони арабӣ — забони илмии роиҷ дар ҳамон замон менавишт. Ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ба омӯхтани дигар забонҳо шурӯъ намуд ва аз рӯйи маълумоти худаш забонҳои суриёӣ, юнонӣ ва яҳудии қадимро омӯхт, ҳангоми мусофираташ дар Ҳиндустон фарҳанги ҳиндӣ ва забони санскритро низ азбар намуд.
Берунӣ дониши ҳаматарафаро дар ватанаш Кот, ки дар он ҷо олимони риштаҳои нуҷум, ситорашиносӣ, риёзиёт, тиб, таърих ва ғайра аз мамолики дуру наздик ҷамъ омада буданд, гирифта буд. Дар синни 17-солагӣ ба он дараҷаи илму дониш расида буд, ки бино ба маълумоти маъхазҳо, худаш ба таври мустақилона мушоҳидаҳои илмӣ мегузаронд. Ӯ устодони чирадасте ба мисли Абуалӣ ибни Ироқ дошт, ки ба насаб бародарзодаи Хоразмшоҳ буд. Ибни Ироқ нисбати пешрафти илмии Берунӣ ғамхорӣ мекард, аз лиҳози моддӣ дастгирӣ менамуд.
Берунӣ дар 21-22-солагӣ ба ҷустуҷӯи мустақилона дар соҳаи илми ҳайъат (ситорашиносӣ) пардохта, кусуфи (гирифти) офтобро мушоҳида кард ва барои расадбандии ситораҳо ба ихтирои устурлоб шурӯъ намуд. Вазъи солҳои 90-уми асри X дар Осиёи Марказӣ дар натиҷаи ба сари ҳокимият омадани Қарахониён дар Хоразм тағйир ёфт ва Берунӣ ба Рай омад ва дар он ҷо бо Абумаҳмуди Хуҷандӣ мулоқот намуд.
Нобиға Абурайҳони Берунӣ қариб, ки дар ҳама соҳаҳои илм асарҳо таълиф намудааст. 500 сол пеш аз олими англис Райт (солҳои 1560-1616) бо истифодаи усули худ кунҷи поин фаромадани уфуқро ҳисоб намудааст. Берунӣ соли 995 бори нахуст дар Осиёи Миёна глобусро ихтироъ намуд, ки нуқтаҳои ҷуғрофии мавзеъҳои Хоразмро муайян мекард.
Берунӣ соли 1004 дар шаҳри Гурганҷ дар дарбори хоразмшоҳиён Академияро ташкил дод, ки дар ҳайати он яке аз олимони машҳури замон Абӯали ибни Сино шомил буд.
Берунӣ бори аввал бо асбоби махсуси ихтироъкардаи худ вазни холиси аниқи 50 намуд моддаҳои моеъгӣ, металлӣ ва минералҳоро муайян кард.
Берунӣ тахмин намуд, ки дарёи Ому пештар ба тарафи баҳри Каспий ҷорӣ мешуд ва баъд ба тарафи дигар, ба тарафи баҳри Арал ҷорӣ гардид. Ин тахмини нобиғаро илми муосир баръало исбот намуд.
Таҳқиқотчиён менависанд, ки барои сохтани ҷадвали ситораҳо Султон Маҳмуд ба Берунӣ ҳамчун туҳфа як филро бо халтаҳои пур аз нуқра мефиристад, аммо нобиға ин туҳфаҳоро баргардонда, мегӯяд, ки “Ба ман нуқра лозим нест, ман боигарии фаровон - илм дорам”.
Султон Маҳмуд баъди ғасби Хоразм олимони ҳавзаи илмии он маҳал, аз ҷумла Беруниро асир гирифта, ба пойтахти наваш — шаҳри Ғазна фиристодан мехост. Азбаски Берунӣ муаллифи асар дар бораи ҳаракати қарматиён дар Осиёи Марказӣ буд, андешаҳои ақлгароёнаи онҳоро ғоибона дастгирӣ мекард ва андешаҳои ифротгароёнаву таассубомези фақеҳони маҳаллӣ, бахусус сиёсати ғосибонаи феодалҳои туркҳои кӯчманчиро қабул надошт, Султон Маҳмуд ва наздиконаш ӯро ба мансубият ба исмоилиён айбдор намуда, мехостанд, ки ӯ ва яки дигар аз олимони хоразмӣ — Абдусамад Авлиёро ба қатл маҳкум кунанд. Вазири султони Ғазна — Хоҷа Ҳасан, ки шахси дурандеш буд, аз Берунӣ дифоъ кард ва ҳаёти ӯро наҷот дод, вале ғазнавиён Абдусамадро ваҳшиёна куштанд. Баъдан ба шахсони ба султон наздик муяссар гардид, ки шоҳро бо Берунӣ оштӣ диҳанд.
Ба асарҳои ӯ бузургтарин олимони табиатшиноси замон ва тамаддуни ислом Умари Хайём, Насируддини Тусӣ, Улуғбек, Қозизодаи Румӣ ва дигарон такя ва истинод кардаанд.
Мувофиқи шаҳодати муаррихони машҳури таърихи илм, омӯзиши осори ӯ тавассути аврупоиён дар миёнаи садаи XIX бо тарҷумаи баъзе аз порчаҳои «Мо ли-л-Ҳинд» оғоз ёфт. Дар ин кор хидмати шарқшиноси олмонӣ Э. Захау (1845—1930), дар нашру тарҷумаи асарҳои мутафаккир хидмати муаррихон Э. Видеман, К. Налино, К. Шой ва дигарон, аз байни муаррихони эронӣ Акбари Доносиришт ва аз миёни муҳаққиқони давраи Шӯравӣ хидмати олимон Э. Сале, С. П. Толстов, У. И. Каримов, П. Г. Булгаков, А. Д. Шарипов, А. Розенфелд, М. М. Рожанская, Э. К. Соколовская оид ба таҳлилу баррасии осору ақоиди Берунӣ хеле бузург аст.
Давлаталӣ Алимов,
доктори илмҳои таърих, профессори
ДДБ ба номи Носири Хусрав