Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Сабақҳои талхи беқонуниҳои солҳои 1991-1997-ро фаромӯш накунем


Сабақҳои талхи беқонуниҳои солҳои 1991-1997-ро фаромӯш накунем



Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли сокинони кишвар ироа гардид. Ҳадафи асосии Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро дар бар гирифтааст. Дар ин зимн, ҳамчунин, масъалаҳои мубрам ва рушди самтҳои мухталифи кишварро мавриди таҳлил ва баррасӣ баён ёфтааст.

Дар Паём аз таърихи Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҷумла гуфтанд: “Ман ирода ва мароми хешро дар давлати навини тоҷикон бо қабули сохтори нави давлатӣ - сохти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маълум карда будам”. Воқеан ҳам Президенти кишвар он вақт сиёсатмадорона, оқилона ояндаи миллату давлатро хуб дарк карда, чунин сохторро барои давлати навини тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ интихоб карданд. Ҳамин буд, ки имрӯз мо хушбахтона, сарбаландона ба сӯйи ояндаи нек қадам мезанем.

Президент дар Паёмашон сӣ соли соҳибистиқлолии кишварро мушаххасан таҳлил намуданд ва эълон доштанд, ки соли 2026 ҷашни 35-солагии Истиқлолияти мамлакатамонро ботантана таҷлил хоҳем кард.

Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон ба тарбияи ҷавонони кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд, ки ин бесабаб набуд. Аслан 70 фисади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Маълум аст, ки қишри аз ҳама осебпазири миллат ҷавонон мебошанд. Дар байни ҷавонони бонангу номус ва ватандӯст мутахассисони варзида кам нестанд. Маҳз ҳамин буд, ки Президенти кишвар дар Паёмашон ифтихормандона гуфтанд: “Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем”. Дар ҷойи дигари Паёмашон миннатпазирона чунин ишора карданд: “... ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем”. Воқеан ҳам тарбияи ҷавонон дар мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Дар Паём оид ба ҳамин мавзӯъ чунин таъкид шудааст: “... падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чӣ духтару чӣ писар, бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд”.

Қонунҳои мамлакат барои саодати инсонҳо таҳия мегарданд ва шаҳрвандон дар асоси нишондоди онҳо зиндагии шоистаро ба роҳ мемонанд, яъне қонунҳо барои одамон хизмат мекунанд. Аммо иддае аз ҷавонон бинобар бесаводӣ аз мазмун, мундариҷа ва ҳадафҳои қонунҳо бебаҳраанд. Аз тарафи дигар, ҳастанд нафароне, ки қонунро дидаву дониста риоя намекунанд.

Маҳз аз ин ҷост, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём атрофи ҳамин иллати ҷомеа тазаккур дода гуфтанд: “Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонуниҳои солҳои 1991-1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем. Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ вазифадор аст, ки назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд”.

Ин маълум, ки иддае аз ҷавонони нохондаю камсавод осебпазир мешаванд. Ё мубталои маводи мухаддир мешаванд ва ё аз қафои бегонаҳо рафта, ба ватани хеш хиёнат мекунанд. Чӣ тавре ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ чунин ҷавононамон аз нофаҳмиҳо бо роҳи ТЭТ ҲНИ (ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) рафта буданд, ё дар аҳди охир бо таблиғи мубаллиғони онҳо ба кишвари Сурия, ба фаҳми худашон, “ҷиҳод” рафтанд, ки оқибаташро ҳама медонад.

Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атрофи ҳамин масъала мо-кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар Паёмашон муваззаф гардонидааст: “Дар ин раванд мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда..., ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”. Дар ин ҷода аз рӯйи масъулияти вазифавӣ тамоми чораҳоро меандешем.

Насимзода М. Ю.,
прокурори ноҳияи Фархор, мушовири адлия дараҷаи I

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода