Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Саҳми занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ назаррас аст


Саҳми занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ назаррас аст


Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдорӣ ва устувории Ватан равшан сохт. Бо дарки баланди масъулият эҳсос менамоем, ки дар ростои татбиқи Паёми Пешвои миллат занону бонувон новобаста аз синну сол ва касбу кор, бояд дар рушди кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум саҳми созгор дошта бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбариашон ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз соли 1999 боиси қабули чандин барнома, стратегия ва санадҳои муҳими сиёсӣ гардиданд, ки барои фаъолияти занон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат менамояд. Қабул гаштани фармони мазкур такони бузург дар самти тақвияти сиёсати гендерӣ дар кишвар гардида, роҳро дар сиёсату роҳбарӣ барои занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кушоду фарох гардонид. Ҳамин аст, ки имрӯз аз шумораи 196 ҳазору 858 нафар занҳои коргари вилояти Хатлон 9833 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.

Мо-занон дар симои Президенти кишвар шахси пуштибон ва ғамхору меҳрубонро мебинем. Тавассути дастгириҳои Сарвари мамлакат имрӯз занҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда бемамониат фаъолият менамоянд. Дар ҳақиқат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сиёсати одилонаву оқилона ва муваффақашон нисбат ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хосса ва некбинона доранд. Аз ин ҷост, ки имрӯз бонувони тоҷик сиёсатмадор, табиб, муҳандис, олим, варзишгар, роҳбар, омӯзгор мебошанд.

Роҳбари давлат зимни ироаи Паёми навбатиашон зикр доштанд, ки ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, хизмати давлатӣ, инчунин, дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин таъкид намудаанд: “Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.

Яке аз иқдомҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси квотаи президентӣ барои духтарони деҳоти дурдаст мебошад, ки тавассути он духтарони зиёди кӯҳистонӣ дар мактабҳои олии кишвар таҳсил намуда истодаанд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат ҷиҳати тавсеа бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа пайваста чораандешӣ менамояд ва мушкилиҳои дар ин самт ҷойдоштаро саривақт баррасӣ намуда, оид ба ҳалли онҳо тадбирҳои амалӣ меандешад.

Имрӯзҳо саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, дар соҳаҳои маориф 27176 нафар, тандурустӣ 23619 нафар, фарҳанг 1698 нафар, соҳаи сохтмон ва меъморӣ 495 нафар, саноат 3407 нафар, почта ва алоқа 201 нафар, коммуналӣ 777 нафар, бонкҳо 1176 нафар, кишоварзӣ 162034 нафар фаъолият доранд. Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 11359 нафарро ташкил медиҳад. Рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодиро бе иштироки бонувони меҳнатқарини мо тасаввур кардан имконнопазир аст. Ҳамзамон, дар вилоят 587 нафар олимон ҳастанд, ки аз ин 187 нафар ё 31,8 фоизро занон ташкил медиҳад, аз ҷумла, 3 нафар зан доктори илм, профессор, 126 нафар зан номзади илм, аз ин 58 нафар дотсент мебошанд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар корҳои сиёсӣ ва мақоми намояндагии вилоят иштироки ҳатмии занонро зарур шуморида, дар интихоботи навбатии вакилон ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар (9,5%), Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 24 нафар (34,7 %), Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 343 нафар (36,4 %) ва Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 1037 нафар занон пешбарӣ ва интихоб шудаанд.

Занону бонувони вилояти Хатлон дар рушди соҳаи соҳибкорӣ низ саҳми арзанда доранд. Садҳо нафар занони вилояти Хатлон ба гирифтани грантҳои президентӣ ноил гардиданд, ки ин имконият медиҳад, то занон миқёси фаъолияти худро васеъ намуда, ҷойҳои нави корӣ муҳайё созанд. Шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз дар вилоят 17541 нафар буда, аз инҳо 12425 нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд.

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо семинару мизҳои мудаввар доир карда шуда, дар соли 2021-ум 27 нафар занони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои вилоят сазовори гранти мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Ҳамчунин, дар соли 2021-ум 21 нафар соҳибкорзанони вилоят, ки ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, ба андозаи як миллиону 250 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуданд.

Бо мақсади роҳандозӣ намудани тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи мероси ғайримоддии фарҳангӣ, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону духтарон ба корҳои хонагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 маркази чакандӯзӣ таъсис дода шуда, 2720 нафар занону духтарон ба ин марказҳо ба сифати ҳунарманди чакандӯз ҷалб гардиданд. Ҳунармандони чакандӯз аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тибқи маълумотҳо 1910 нафарро ташкил намуда, ба 7250 нафар ин ҳунарро омӯхтанд.

Воқеияти имрӯза нишон медиҳад, ки даҳҳо нафар занони боиродаи вилояти Хатлон ба ҳайси аъзои Ҳукумат ва парламент, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони шаҳру ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намуда истодаанд, ки боиси ифтихору сарбаландии ҳамаи мост. Итминон дорам, ки модарону бонувони вилоят бо азми дучанд суннати ободгариву покизарӯзгорӣ, тарбияи шоистаи фарзандонро идомаи нек бахшида, дар ободии Ватани азизамон, оромиву суботи ҷомеаи кишвар ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши пурарзиш мегузоранд.

Фирӯза ШАРИФӢ,
муовини раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода