Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Берунӣ-ситораи ҳамешафурӯзони илм


Берунӣ-ситораи ҳамешафурӯзони илм



Дар паҳнои беканори хилофати араб тоҷикон шояд ягона халқе буданд, ки натанҳо асолати фарҳангиву забонии худро ҳифз карданд, балки парчами илму донишро низ дар тӯли таърих болои сари худ нигоҳ доштанд. Агар дурусттар таҳқиқ шавад, хоҳем дарёфт, ки аввалин муфассирони ҳақоиқи диниву адабӣ ва нахусткошифони қонуниятҳои илмҳои табиӣ асолати тоҷикӣ доранд. Сабаби ин, албатта, на бартарии нажодӣ ва ирқӣ, балки доштани собиқаи зиндагии мутамаддин аст, ки хушбахтона, мардуми мо дар тӯли ҳазорсолаҳо аз он баҳравар буданд.

Бо пойдор шудани оромӣ ва фароҳам омадани заминаи мусоид барои зиндагии осоишта, ки шоҳони силсилаи Сомонӣ бар он асос гузоштанд, мо шоҳиди зуҳури чеҳраҳои дурахшони илмиву фарҳангӣ дар паҳнои Хуросони бузург мегардем. Яке аз нобиғаҳои он замон, ки дар баробари Ибни Киндӣ, Ибни Мускуя, Ибни Сино, Абӯбакри Розӣ ва чанд тани дигар боиси ҳайрати имрӯзиён аз ҷиҳати фарохии андеша, таҳқиқоти баландпояи илмӣ ва дақиқназарӣ дар соҳаҳои гуногуни илм гардидааст, Абурайҳони Берунӣ мебошад.

Тавре ки дар зиндагиномаи ӯ навиштаанд, Абурайҳон 6-уми сентябри соли 973 дар Хоразм ба дунё омадааст. Ӯ дар баробари забони хоразмӣ, ки забони модарияш буд, забони форсӣтоҷикӣ, арабиро азбар менамояд ва баъдтар бо тақозои алоқаи шадидаш ба илмомӯзӣ забонҳои ҳиндӣ, санкскритӣ, суриёнӣ, юнонӣ ва иброниро низ меомӯзад. Дар навишти асарҳои илмияш забони тоҷикӣ ва бештар арабиро истифода мекард, чаро ки забони илм дар олами исломи он замон арабӣ буд.

Абӯрайҳони Берунӣ бо фаро гирифтани илмҳои замони худ дар назди устодонаш ба мисли Абӯнасри Мансур, Абулвафои Бузҷонӣ ва Абӯалӣ ибни Ироқ ҳанӯз аз ҷавонӣ ба корҳои мустақилонаи илмӣ шурӯъ мекунад ва дар синни 21-22-солагӣ барои омӯзиши сабабҳои гирифтани офтоб ва ҳаракати ситораҳову сайёраҳо пайи сохтани устурлоб (асбоби кунҷсанҷ) мешавад. Тағйири вазъи сиёсӣ ва ноором шудани сарзамини Фарорӯд, ки бар асари ба сари давлат омадани Қарохониён ба амал омад, Беруниро маҷбур кард, ки аз зодгоҳи худ берун равад.

Аммо ӯ, ки дигар шавқи илмомӯзӣ вуҷудашро лабрез карда буд, наметавонист аз идомаи роҳи худ даст бикашад. Бо ҳар қимате ва бо ҳар нафасе, ки муяссар мешуд, ҳам илм меомӯхт ва ҳам даст ба таълифоти илмӣ мезад. Ӯ дар шаҳри Рай бо Абӯмуҳаммади Хуҷандӣ, ки нуҷумшиноси барҷастаи замони худ буд, мулоқот доштааст. Чун Берунӣ аз хурдӣ бо нуҷумшиносӣ алоқаи фаровон дошт, табиист, ки бояд миёни онҳо дар хусуси илми мазкур суҳбатҳои илмӣ шудаву табодули назар сурат гирифта бошад. Ҳамчунин, он ҷо донишманди ҷавон асарҳои Абӯбакри Розиро омӯхта, аз эҳтироми зиёде, ки ба нубуғи вай пайдо мекунад, рӯйхати осорашро тартиб медиҳад.

Суҳбатҳои Берунӣ ва Ибни Сино дар Гургон аз рӯйдодҳое ҳастанд, ки ҳар нафари ба илм таваҷҷуҳдошта ба он мароқ зоҳир менамояд. Зеро ҳам Абӯалӣ Ибни Сино ва ҳам Берунӣ аз нобиғаҳои замони худ буданд.

Илова бар ин, ҳар ду табъи саркаш ва якравии ба худ хос доштанд ва хуш ба ҳоли касоне, ки дар суҳбатҳои илмии онҳо ширкат варзида, шоҳиди баҳсҳои илмии онҳо шуда бошад. Бахусус, суҳбати онҳо сари фалсафаи Арасту хеле ҷолиб буд. Яке аз ӯ дифоъ мекарду дигаре нуктаҳои заъфашро меёфт. Дар ҳамин давра ӯ ду асар дар мавриди илми нуҷум, як асар дар мавриди табиатшиносӣ ва асари дигаре бо номи “Таърихи сафедҷомагон ва қарматҳо”-ро менависад.

Мутаассифона, ин асарҳо то замони мо омада нарасиданд ва дар оташи замонаҳо сӯхта аз байн рафтанд. Берунӣ, ҳамчунин дар ин ҷо асари “Осор-ул-боқия”-ро таълиф менамояд. Обрӯ ва нуфузи шахсияте чун Берунӣ аз шаҳр ба шаҳр овоза мешуд ва амирону шоҳони давр орзуи суҳбату мулоқоти ӯро мекарданд.

Амири Гургон Қобуси Вашмгир ба ӯ вазифаи вазириро пешниҳод менамояд, вале Абурайҳон, ки машғул шудан ба илмро афзалтар медонист, ин пешниҳодро рад менамояд. Ҳисоб кардани дараҷаи хатти тӯли замин ба ҳамин давраи зиндагии ӯ рост меояд. Берунӣ ба таври назариявӣ собит карда буд, ки бояд қитъаи номаълуме мавҷуд бошад. Аз ҷониби аврупоиён кашф шудани Америка нуқтаи назари ӯро дар масъалаи мазкур ба субут мерасонад.

Соли 1004 Берунӣ ба Хоразм омада, мувофиқи навиштаи муаллифи китоби “Таърихи Байҳақӣ” ҳафт сол дар дарбори Хоразмшоҳ ибни Маҳмуд ба ҳайси мушовир ба кор мепардозад. Дар ин давра ӯ аввалин бор ба олами илм назарияи ҳаракати офтобро ворид месозад. Баъдтар ин назария аз ҷониби Коперник шуҳрат пайдо карда, ба номи ӯ сабт мегардад. Ғазнавиён, ки баъди Қарохониён ба майдони таърих омаданд, барои маркази давлатдории худ шаҳри Ғазнаро интихоб карданд.

Чун амирони дигар онҳо низ олимону донишмандон ва аҳли адабро иҷборан ба хидмати худ мехонданд ва Берунӣ баъд аз таъқибу озорҳо ба дарбори Султон Маҳмуд ҷалб шуда, 13 соли ҳаёти худро дар он ҷо мегузаронад. Таълифи асари “Китоб-ут-тафҳим”-ро, ки то замони мо маҳфуз мондааст, ҳамчунин иншои “Таърихи Хоразм», «Таҳдиду ниҳоёт-ил-амокин ли тасҳеҳи масофат-ил-масокин» (Андар муайян кардани ҳадд барои мушаххас кардани масофаи байни маҳалҳои зис-ти мардум) ,«Илал-Қонунил-Масъуди фи-л ҳайат ва-н-нуҷум» маҳсули омӯзишҳои ӯ дар ҳамин давраи зиндагияш мебошанд.

Азбаски Султон Маҳмуд иштироки Беруниро дар юришҳои худ ҳатмӣ мешуморид, Берунӣ бо истифода аз чунин имконият ба омӯхтани фарҳангу илми сарзаминҳои забт-шуда машғул мешавад. Чунончи, зимни сафари Ҳиндустон асари алоҳидаеро бо номи “ Мо-ли-л-Ҳинд”-ро доир ба фарҳангу илми Ҳиндустон таълиф менамояд. Дар замони ба салтанат расидани писари Султон Маҳмуд, яъне Султон Масъуд ба Абурайҳон имконияти бештаре барои фаъолияти илмӣ фароҳам меояд.

Дар оромии нисбатан муяссар гашта асари “Қонуни масъудӣ”-ро навишт. Дар айни ҳол ба шоҳи ҷавон забони арабиро омӯзонида, сабабҳои дарозию кӯтоҳии шабу рузро шарҳ медод ва дар бораи сохти замину кайҳон суҳбат мекард. Баъди қатли Султон Масъуд аз ҷониби Салҷуқиён, Берунӣ берун аз шаҳри Ғазна дар хонаи Мавлуд, ки писари Султон Масъуд буд, боқии умри худро мегузаронад.

Дар ин давра рисолаи тиббии “Китоб-ус-сайдана”-ро оид ба гиёҳҳои шифобахш ва тарзи истифодаи онҳо навишт. Дар олами илм аз Абурайҳони Берунӣ ҳамчун зуфунун-энсиклопедист ёд мешавад. Дар 143 асари аз қаламаш ба ёдгор монда доир ба улуми риёзӣ (математика), ситорашиносӣ (нуҷум), ҷуғрофия, натурфилософия, минералогия, фармакология, таърих, мардумшиносӣ, хронология, филология ва монанди инҳо назари мушаххаси худро баён доштааст. Рӯйхати асарҳои навиштаи ӯ нопурраанд, зеро миқдоре аз онҳо то замони мо нарасидаанд.

Тавре ки дар боло ишора кардем, Берунӣ бо Сино дар мавриди фалсафаи Арасту баҳсҳо дошт ва дар муқобила бо Арасту Берунӣ назарияи кашиши заминро ироа мекунад. Ҳамин назария баъдтар аз ҷониби Нютон бо номи “Қонуни ҷозибаи замин” машҳур мегардад. Дар як мақолаи хурд оид ба корҳои анҷомдода ва назарияҳои пешниҳодкардаи Берунӣ дар олами илм сухан гуфтан бисёр мушкил аст. Мо танҳо ба ҳамин ишора мекунем, ки ин абармарди нотакрор ситорае буд, ки нураш то ба ҳол дар ҳоли рахшидан аст ва ҳар гуна миллати мутамаддин бо доштани чунин фарзанд барои ба сар гузоштани тоҷи ифтихор ҳаққи комил дорад.

Олимӣ Ашӯралӣ Рамазон, номзади илмҳои физика ва математика,
Озар Салимиён, номзади илмҳои филологӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода