Сада-мужда аз омадани баҳор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 786
Ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимаи мардуми форсзабон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст.
Дар осори илмию фарҳангии абармардони форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Наршахӣ, Байҳақӣ ва чанде дигарон оид ба ин ид маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд. Сада иди қадимтарин ба шумор рафта, маънояш бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд аст. Аз сабаби солҳои кабисаро ба эътибор нагирифтани аҷдодони қадимаамон ҳар сол фарқи моҳҳо ва пасопеш омадани онҳо аз 4 то 10 рӯз фарқ мекард. Рӯзи даҳуми моҳи баҳман ва панҷоҳ шабу рӯз пеш аз Наврӯз омадани Сада гувоҳи он аст, ки иди Сада пас аз 29 январ ҷашн гирифта мешудааст. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза) ин сана ба 30 январ-рӯзи аввали чиллаи хурди зимистон рост меояд. Барои муқаррар кардани таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва қавоиду суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост.
Фирдавсӣ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин - Ҳушанг нисбат дода, чунин менависад: «Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш пайи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандаи дарозу сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд мебаромад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сӯйи дигар меҷаҳад ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, оташ падид меояд». Абурайҳони Берунӣ навиштааст, ки «Сада ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст». Вобаста ба ин ҷашн гуфтааст, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Баъзеҳо гӯянд сабаб он аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс сад тан шуданд ва яке аз онҳо худро ба ҳама подшоҳ гардонид. Ё дар сарчашмаи дигар омадааст, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд.
Дар ситоиши ҷашни Сада шоирони бузурги гузаштаамон Фаррухи Сиистонӣ (980-1037), Манучеҳрии Домғонӣ (ваф.1040), Адиб Собири Тирмизӣ (1078- 1147) қасидаҳо сурудаанд. Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад, Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад. Иди Сада то давраи қабули дини мубини ислом дар Эронзамин васеъ ҷорӣ буд ва пас оҳистаоҳиста таназзул ёфта, дар замони салтанати Ғазнавиён (962-1187) аз байн меравад. Абурайҳони Берунӣ дар китобаш «Китоб-ут-тафҳим» оид ба Сада чунин менигорад: «… дар ин рӯз мардум оташҳо зананд ва гирд бар гирди он шароб нӯшидану рақсу шодӣ кунанд». Хуллас, тибқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ ва навиштаҳои уламою удабои маъруф Сада ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки бо шарофати он аҳли башар ба ҷойи олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард ва туфайли он барзгарон (кишоварзон)-и олам ранҷи заҳмати хешро афзун гардондаанд.
Ҳокимону шоҳон меоянду мераванд, аммо суннатҳои дар қалби халқ ҷойгирифта ҳеҷ гоҳ аз байн намераванд. Он анъана ва расму оин аз насл ба насл мегузарад ва пасомадагон мероси гузаштагони худро пос медоранд. Суннатҳои иди Сада низ ҳаргиз аз дили мардум зудуда нагашта буд ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегирифтанд. Дар кишвари мо ин ид бо шарофати Истиқлолият аз нав эҳё гардид. Месазад ба онҳое, ки ин амали хайрро бо ҷасорати ҳушангӣ ба ҳаёт ҷорӣ намуданд, садҳо аҳсант гуфт. Ҳар кӣ гузаштаро эҳтиром кунад, рӯҳи арвоҳон мададгораш мешавад. Албатта, солҳои тӯлонӣ ба иди Сада аҳамият надодани ҳокимиятдорон ва ҳатто аз тарафи баъзеи онҳо манъ кардани ин ид, бетаъсир намонда буд.
Аз унсурҳои ин ид дар байни аҳолӣ танҳо гоҳ-гоҳ оташ афрӯхтан ва ҳамчун нишонаҳои хурофот аловгардонии келину домод, оташпарӣ дар шомгоҳи рӯзи чоршанбе бо мақсади аз худ дур кардани қувваҳои бадӣ, аласкунӣ ва ё чароғмониҳо дар мазористону ҳангоми мушкилкушоӣ ё оши бибиҳо боқӣ мондааст. Дар байни тоҷикон бо номҳои «Чоршанбеи сурӣ», «Чоршанбеи охирон», «Оташафрӯзӣ», «Аловпарак» барин баъзе суннатҳои иди Сада то ҳол машҳур аст. Аммо ин ҳама анъанаҳои хурофотианд, ки баъзеи онҳо ба иди Сада алоқаи нисбӣ доранд. Танҳо оташ ва муносибати пурмеҳри одамон ба он аз ин иди куҳан нишонаанд.
Имрӯз, ки ҷашни Сада қонунан аз нав эҳё шудааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ ҷашн гирем ва ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ алоқаманд донистани он мутлақо хатост. Ин иди аҷдодии мост, ки шояд пеш аз зуҳури Зардушт пайдо гашта бошад. Таҷлил ва қайд намудани иди Сада ҳеҷ гоҳ набояд хилофи дини мубини ислом дониста шавад. Ин идест, ки аҷдодони дуру наздикамон бо шукронаи пайдо гаштани оташ меоростанд ва барои гиромидошти оташ-муъҷизаи худодод, ки яке аз чор унсури офаранда (дар қатори обу хоку бод) аст, ин иди бузург бояд қайд карда шавад.
Ба ҷавонон бо далелҳои илмӣ фаҳмонидан лозим аст, ки аз бархӯрдани ду санг пайдо гаштани оташ ин қонуни табиат аст ва Офаридгор дар ҳамон даври қадим дар шоҳидии Ҳушанг бо туфайли ба сӯйи мор санг андохтани ӯ барои инсоният онро офаридааст. Дар айни замон кишоварзон иди суннатии Садаро чун мужда аз омади баҳори оламафрӯз дониста, бо анъанаҳои нек пешвоз мегиранд. Дар ин айём бо андешидани тадбирҳои омодагӣ ба баҳор нурипошӣ, шудгор, яхобмонӣ, хокпошии болои замин, нигоҳдорӣ ва шиба кардани барф дар бехи дарахтон, захира намудани тухмиҳои босифат ва нуриҳо дар анборҳо ба хотири фаровонҳосилӣ, буриш ва башаклдарории дарахтон, мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо, таъмири олотҳои коркарди замин ва омода намудани техника ба кишту кори баҳориро анҷом медиҳанд.
Яъне, ин ҷашн моро ба созандагиву ободкорӣ даъват менамояд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз арзишҳои фарҳанги миллӣ дубора зинда ва таҷлил шуда истодаанд, ки ин метавонад дар таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ таъсири амиқе гузорад.
Амонулло Салимзода,
доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор