Фархор . Иқдоми созандаи соҳибкори ватандӯст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 184
Хуршед Нозимов, ки дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Фархор мебошад, айни ҳол дар давлати Австрия ба соҳибкорӣ машғул аст. Ӯ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падари зиндаёдаш Ҳоҷӣ Гадоро мардуми Фархор чун марди дасткушод, хайрхоҳу сахӣ мешинохтанд ва номашро ҳамеша ба некӣ ба забон меоранд. Мардум ба хубӣ ёд доранд, ки ӯ чигуна дар замини наздиҳавлигиаш чоҳи 74-метра канда, оби нӯшокӣ баровард. Ин чоҳ ҳанӯз ҳам фаъол асту мардум аз он истифода мебаранд. Ба қавли баъзеҳо, оби он ба бисёр дардҳо даво ҳам будааст.
Писараш Хуршед ин ҳама хайрхоҳии падарро дида, орзу мекард, ки дар зиндагӣ ба мисли падараш кори хайре кунаду ба ҷамъият фоидааш расад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аз куҳантарин мактабҳои ноҳия ба ҳисоб мерафт.
Барои сохтмони бинои мактаби наву замонавӣ маъмурияти мактаб шуъбаи маориф борҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хаттӣ муроҷиат карда бошанд ҳам, бо сабабҳои номаълум, ҳар сол сохтани он ба таъхир гузошта мешуд. Хонандагон дар се баст мехонданд. Ин барои хонандагону омӯзгорон мушкилиҳо пеш меовард. Илова бар ин, мизу курсӣ, ашёҳои хониш, ҳуҷраҳои корию фаннӣ ва майдончаҳои варзишӣ намерасиданд. Боми синфхонаҳо бошанд, дар вақти боришот мечакиданд. Хуллас, вазъияти нобобро мемонд ин таълимгоҳ.
27 октябри соли 2013 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор сафари корӣ анҷом доданд. Хуршед Нозимов барои амалӣ гардидани нияташ сохтмони бинои сеошёнаи мактабро бар уҳда гирифт. Сарвари давлат ин иқдоми неку хайрхоҳонаи соҳибкори ватанӣ Хуршедро пазируфта, барояш барори кор хост. Худи ҳамон рӯз санги асоси бинои нав аз тарафи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкори ватанӣ Хуршед Нозимов гузошта шуд.
Сохтмон соли 2014 шурӯъ гардид. Фармоишгари он муассиси ширкати «ЕПА» аз тарафи Ҷумҳурии Австрия соҳибкори ватанӣ Хуршед Нозимов, пудратчии сохтмон «Кавсар Констракшн» буд. Лоиҳаи иншоот аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Архиком»-и шаҳри Душанбе бо унсули муосири меъморӣ иборат аз 34 синфхона барои 2000 хонанда дар ду баст бо назардошти 6 ҳуҷраи фаннӣ (химия, физика, риёзӣ, биология, компютерӣ ва синфхонаи таълими меҳнат), ҳамчунин, толорҳои маҷлисӣ, варзишӣ ва китобхона таҳия шудааст.
Таълимгоҳ дар масоҳати умумии 1,75 гектар доман густурда, аз се ошёна ва таҳхона иборат аст.
Сохтмони бино дар муддати муайянгардида ба анҷом расид. 2 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияи Фархор дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Фархор нахуст бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Садриддин Айниро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Хуршед Нозимов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Он рӯз барои коллективи омӯзгорону хонандагони муассиса, падару модарон ва сокинони маҳалла рӯзи саиду хотирмон буд. Ҳамагон ба соҳибкор, дастпарвари муассисаи мазкур Хуршед Нозимов барои чунин бинои зебою замонавӣ, ки тамоми шароитҳоро дорост, миннатдорӣ баён намуда, дар кораш барору пешравӣ орзу намуданд. Дар ҳақиқат, бунёди чунин як бинои таълимӣ, ки ба тамоми стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, кори саҳлу осон нест. Дар ин роҳ азхудгузаштанҳои зиёд мебояд то мурод ҳосил гардад. Ҷавонмардӣ, номус, ҳисси миллӣ Хуршеди соҳибкорро водор сохт, ки ба чунин кори хайр даст занад. Ин амали хайраш ӯро миёни дигар соҳибкорон маъруфу машҳур кард, ки аҳсанаш бод.
Боиси сарбаландӣ ва ифтихори бузурги мост, ки ҳамдиёрамон, ҷавонмарди хайрхоҳу ободгар Хуршед Нозимов дар давлати Австрия яке аз соҳибкорони муваффақ шинохта шуда, сазовори иззату икроми умум гардидааст. Ҳамчунин, ӯ дар ободонии як гӯшаи Ватани азизамон саҳм гирифта меояд, ки ин сазовори таҳсин ва дастгирӣ мебошад.
Нуралӣ Ҳақназар,
ноҳияи Фархор