Орзуи 4 маъюби хатлониро кӣ бароварда мекунад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 891
Момаи Шодигул ҳар шаб бо орзуи он сарро ба болин мегузорад, ки субҳ аз ҳама дарду ғами зиндагӣ раҳо ёбад. Волидон ба ӯ Шодигул ном гузоштаанд, то ҳамеша хурсанд бошаду фориғ аз ҳама дарду ташвишҳои зиндагӣ. Вале тақдир номеҳрубониҳои зиёд дорад ва ӯ аз ин имтиҳони ҳаёт дар канор набуда, барояш фарзандони маъюбро раво дид. Бо вуҷуди ин, «Сад шукри Худованд, ки ин фарзандонро ба ман ато намудааст», - мегӯяд модар.
Беш аз 30 сол мешавад, ки сокинони Ҷамоати деҳоти «Қизил-қалъа»-и ноҳияи Хуросон бобои Аслимурод ва момои Шодигул Амировҳо ба нигоҳубини 4 фарзанди маъюбашон машғуланд. Онҳо айни ҳол бояд даврони пириро дар канори наберагон бо хурсандиву шодӣ мегузарониданд. Аммо, ҳоло ҳам фарзандбонанд, зеро фарзанди маъюб тифлеро мемонад ва пайваста нигоҳубин мехоҳад. Аз ин хонадон солҳои зиёд аст, ки садои ханда ба гӯш намерасад, зеро ҳаёт хандаву хурсандиро аз онҳо рабудааст. Вале онҳо ба ҳама сахтиҳо таҳаммул мекунанд. Набудани шароити мусоид барои нигоҳубини фарзандон ин оиларо маҷбур сохт, то ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Холаи Шодигул мегӯяд: «Ҷавоби мактуб аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар то ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон омадааст, вале аз ноҳия ба мо танҳо аксҳои ин маъ-юбон дода шуду халос».
- Ягона хоҳиши ман аз мардуми хайрхоҳ ин кумак кардан дар сохтани як хонаи замонавӣ мебошад, - мегӯяд момои Шодигул. -Чун дар ин шароите, ки мо дорем, наметавонем ба дурустӣ сару бадани онҳоро шустушӯй намоем. Об надорем, қувваи барқро зуд-зуд қатъ мекунанд. Нарасидани ҳуҷраҳои хоб мушилии дигар аст. Ба кас алам мекунад, вақте фарзандонро аз бахту тахт канда мебинӣ, баъзан таваккал ба Худо карда, меандешам, ки дарду аламамро ба касе нагӯям. Вале, модар модар аст, ба ғаму дарди фарзандон зиндагӣ мекунад. Ва фарзанди солиму маъюб барояш як аст.
Вақте ки ба хонаи тангу торик ворид мешавед, дар 4 кунҷи хона чаҳор фарзанди маъюбро дида, барои сабру таҳаммул ба ин падару модар офарин мегӯед. Ҳафизаи 50-сола, Муҳаммадисои 48-сола, Музаффари 39-сола ва Ҳасани 34-сола имрӯз наметавонанд бе кумаки волидайн ҳаракат кунанд, онҳо аз пойи равон, дасти гиро ва забони гӯё маҳруманд.
- Ҳафизаро оиладор карда будем. Пас аз соҳиби фарзанд шудан ба ин беморӣ гирифтор гашт ва шавҳараш аз ӯ ҷудо гардид. Вай бо як фарзандаш ба хонаи мо омад. Мо духтари ӯро бо сад азобу машаққат ба воя расонидем ва ба шавҳар додем. Ҳоло Ҳафиза наберадор аст. Музаффарро низ оиладор кардем. Мутаассифона, ҳамсари ӯ ҳам, бинобар сабаби беморияш баромада рафт, - мегӯяд бобои Аслимурод.
Ба камол расонидани фарзандон барои волидайн мушкил аст. Аммо тарбияи 12 фарзанде, ки чор нафари он дорои имконияти маҳдуд аст, боз ҳам сахту сангинтар мебошад. Модар вақте як кӯдакро ба воя мерасонад, шабҳои бехобиро сипарӣ мекунад ва ин то ба синни камолот расидани онҳо давом мекунад. Момои Шодигул ва бобои Аслимурод солиёни зиёд аст, ки бо шароити вазнин дар парасториву нигоҳубини чаҳор фарзанди имконияти маҳдуддошта, на шаб хоб доранду на рӯз. Аз 12 фарзанде, ки дар зиндагии якҷоя насибашон гардидааст, 6 нафари онҳо ба бемориҳои гуногун мубтало шуданд. Чанд сол қабл ду фарзанди ин хонадон, ки ба ин беморӣ гирифтор буданд, дунёи фониро тарк карданд.
Бобои Аслимурод ва момои Шодигул мегӯянд, ки фарзандонашон ба ғайр аз Ҳафиза, Муҳаммадисо, Музаффар ва Ҳасан то синфи 5-6 ба мактаб мерафтанду солим буданд. Вале ба якборагӣ ба ин дарди бедаво гирифтор шуданд. “Ҳасан дар саҳро подабонӣ мекард, намедонам аз тарс буд ё чизи дигар, ба ин дард гирифтор шуд”.
- Барои фаҳмидани сабаби бемории онҳо ба ҳар як табибу беморхонаҳо муроҷиат кардем, - мегӯяд бобои Аслимурод. - Назди як профессори таҷрибадор рафтам. Профессор аввалин саволе, ки ба ман дод, ин буд: “Ҳамсарат ба ту хеш мешавад?” Гуфтам, бале, духтари амакам мешавад. Профессор фаҳмонд, ки иллат дар никоҳи хешутаборӣ аст. Табобат фоида намекунад”.
-Ба онҳое, ки мехоҳанд никоҳи хешутаборӣ кунанд, гуфтаниам: Ин хатои маҳз аст! Албатта, ҳамааш доди Худованд аст. Вале ин аҳволи мо бояд ибрати шумо бошад,-таъкид намуд бобои Аслимурод.
[media=]
Ягона орзуи падару модар доштани як хонаи замонавӣ мебошад. Набудани шароити зиндагӣ, сахтии рӯзгузаронӣ маҷбур сохтааст, ки бобои Аслимурод дар ин синну сол кор кунад. Зиндагиро аз ҳосили боғи назди хона пеш мебурданд. Бинобар сабаби танқисии об тайи солҳои охир дарахтон хушк шудаву дигар ҳосили дилхоҳ намедиҳанд.
Падару модар бо 4 фарзанди маъюб рӯзро шабу шабро рӯз мекунанд. Онҳо наметавонанд мисли дигарон - яке ба суҳбати кампирону дигаре ба чойхона барои суҳбат бо дӯстон бираванд. Шароити рӯзгор ба тамом ин оиларо сарсону ноумед аз зиндагии шоиста кардааст.
Аз идора: Хонандагони азиз! Агар ин матлабро мехонед ва мехоҳед ба онҳо дасти кумак расонед, пас, шумораи телефон ва рақами корти бонкии ин хонавода дар идораи рӯзнома маҳфуз аст. Телефон барои тамос: (992) 985-33-33-97