Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Санади раҳнамунсоз


Санади раҳнамунсоз



Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ намуда, перомуни соҳаи маориф таъкидҳои зиёд намуданд ва боз такрор карданд, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар Паём аз ҷумла таъкид мешавад: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад».

Пешвои миллат ҳамзамон ёдовар шуданд, ки мо бо барнома ва нақшаҳои куҳнаи таълимӣ ба ҷое намерасем ва бисёр зуд ва сареъ бояд тамоми барнома ва нақшаҳои таълимӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олиро таҷдиди назар кунем. Мо бояд ҳамқадами замона бошем. Тоҷикистон тамоми имконотро дорад, ки дар қатори давлатҳои пешрафтаи дунё қарор бигирад.

Аз ин рӯ, дар панҷ соли дигар, то 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи маориф бештар аз 1000 иншооти гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ бештар аз 245 ҳазор донишҷӯён дар риштаҳои мухталиф дар дохили кишвар ва теъдоди бештар аз 40 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон дар макотиби олии кишварҳои пешрафтаи дунё ба таҳсили илму дониш машғул мебошанд ва ба қавли Ҷаноби Олӣ, ин раванд, яъне хонондани ҷавононии тоҷик дар донишгоҳ ва донишкадаҳои олии беҳтарини дунё идома хоҳад ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назари мо ба як нуктаи бисёр муҳим-омӯхтани забонҳои хориҷӣ - русӣ ва англисӣ таъкид карданд. Ва ҳамаи омӯзгорон ва дастандаркоронро вазифадор намуданд, ки сарфи назар аз он ки аз кадом фан дарс мегӯянд, бояд як забони хориҷӣ, масалан, русӣ ё англисиро ба андозаи забони модарии хеш донанд.

Дар ҳақиқат, ин чиз дуруст аст. Донистани забонҳои хориҷӣ ва аз ин роҳ муаррифии тамаддуну фарҳанги оламшумули тоҷикон ба аҳли башар ҷойгоҳи кишвари азизи моро дар байни давлатҳои дунё ба маротиб боло мебарад. Ҷаҳониён бояд моро шиносанд ва мо низ бояд дар навбати хеш ба шинохти ҷаҳон кӯшиш кунем. Мо барои ин тамоми имконотро дорем ва фақат ақлу дониш ва заковату фаҳмиши худро бояд дуруст ба кор барем. Ба мисли миллатҳои дигар ватандор бошем, фикри 10-20 соли баъдиро бикунем ва битавонем ҷойгоҳи кишвари худро дар арсаи байналмилалӣ созгор муаррифӣ намоем.

Ҳамзамон, 20 фисад боло бурдани маоши омўзгорон барои боз ҳам беҳтар кардани шароити зисту зиндагӣ ва фароғати омўзгорон такони ҷиддие хоҳад буд.

Шарифхон Шарифзода,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода