Ба Ғайбулло Авзалов
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 671
Бо тавону донишу ақлу хирад,
Во шавад дарвозаҳои бахти мард.
Гар хусумат, рашку кин ояд ба пеш,
Ғам физояд, дил бигардад реш-реш.
Марди доно, ки надорад рашку кин,
Чун фаришта пок андар роҳи дин.
Аз сиёсат огаҳу фарди замон,
Бохабар аз рӯзгори ин ҷаҳон.
Ҳақшиносу ростқавлу некхоҳ,
Ҳар бадиро мекунад берун зи роҳ.
Гар бубинад кинаварзу хасми хеш,
Медиҳад панде зи ҳар оину кеш.
Бо сухан, бо ҳикмату андарзу панд,
Бар кафи хасмаш ниҳад ӯ шаҳду қанд.
Ҳар ҳиҷову ҳарфи некаш дар забон,
Мерасад ҳамчун синон андар нишон.
Ҳамсафар бо Пешвои кишвар аст,
Дар раҳи аҳду вафо чун афсар аст.
Парчами ақлу хирад дорад ба каф,
Меравад пайваста бар сӯи ҳадаф.
Маҳфилоро, қиссагӯ марди сахо,
Бо каломаш шомро бахшад сафо.
Ваҳдату сулҳи ватанро ҳофиз аст,
Ровии фосеҳбаёну воиз аст.
Гаҳ вакилу гаҳ раису гаҳ вазир,
Ӯ набуд дар доми нафси худ асир.
Лоиқи таҳсину шуҳратёр шуд,
Кори некаш муҷиби афкор шуд.
Соҳиби андешаву андарзу панд,
То ҷаҳон бошад, бимонӣ сарбаланд.
Амиршои Хатлонӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
10-08-2021, 08:59
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии...