Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дар вилоят қариб 1,5 миллион нафар ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд


Дар вилоят қариб 1,5 миллион нафар ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд



Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон, раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус Қурбон Ҳакимзода, ҷиҳати вусъат бахшидан ба маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории болозикр дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи кории ситод баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ситод аз ҳисоби кормандони марказҳои тиббии вилоятӣ ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил гардида, дар ин самт дар ҷамоатҳои деҳот корбарӣ идома дорад. Қайд гардид, ки то 10 январи соли равон дар ҳудуди вилояти Хатлон дар асоси нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 472 ҳазору 497 нафар (72%) сокинони вилоят ба вояи якуми зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 1 миллиону 139 ҳазору 491 нафар сокинони вилоят гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо сокинони вилоят бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаизидди бемории коронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Ваксина ба шаҳрвандон ройгон гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 13 декабри соли 2021 ҷаласаи комиссияи вилоятӣ оид ба ҳамоҳангсозии гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус бо иштироки раиси ситод, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардида, дастур шуда буд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ситоди корӣ ва комиссияҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 бояд фаъолияти муассир дошта бошанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои профилактикӣ, безараргардонӣ ва иммунизатсия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба аъзои ситод ва комиссияи вилоятӣ оид ба ҳамоҳангсозии баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19, инчунин ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораю корхонаҳои дахлдори вилоятӣ, минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳо доданд. Аъзои ситод ва комиссияҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва дигар фаъолон вазифадор шуданд, ки корро дар самти пешгирӣ, пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус ҷоннок карда, барои захира намудани маводи зиддиэпидемикӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаю коргоҳҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, бозору нуқтаҳои савдо ва дигар иншоот, новобаста аз шакли моликияташон корҳои безараргардониро вусъат бахшида, баҳри пешгирии бемории коронавирус бо иммунизатсия фаро гирифта шаванд.

Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода