Ваксина гузарондед?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 168
Бо вусъатёбии пандемияи КОВИД-19 дар ҷаҳон сирояти коронавирус пайваста тағйир ёфта истодааст. Ин маънои онро дорад, ки хусусияти вирус иваз мешавад ва намудҳои нави коронавирус метавонанд хатари калон дошта, хосияти ба осонӣ аз одам ба одам гузаштан ва ё барои авҷгирии ҳолати вазнини бемории инсон боис гарданд.
Имрӯзҳо ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд, ки бо мақсади ҳарчи зудтар қатъ гардонидани гардиши коронавирус дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои заруриро, аз қабили риояи реҷаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, безараргардонии дастҳо, гигиенаи ҷамъиятӣ ва шахсӣ, чорабиниҳои карантинӣ, гузаронидани муоинаи тиббӣ ҳангоми воридшавӣ ба ҷумҳурӣ ва даст назадан ба худмуолиҷакуниро риоя намоянд.
То рӯзи 10 январи соли 2022 дар миқёси вилоят ба миқдори 3 миллиону 466 ҳазору 569 вояи ваксина ворид шудааст. Бо вояи якум 1 миллиону 472 ҳазору 497 нафар - 72% ва бо вояи дуюм 1 миллиону 139 ҳазору 491 нафар шаҳрвандон, баробар ба 55,7% аҳолии синну солашон аз 18-сола боло ба эмгузаронӣ фаро гирифта шудаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ имрӯзҳо ягон ҳодисаи нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуда истодааст.
Мутаассифона, вобаста ба таъсири ваксинаҳо ба саломатии инсон ҳар гуна овозаҳо паҳн карда мешаванд. Шаҳрвандони муҳтарам бояд донанд, ки ин овозаҳо на аз тарафи расонаҳои хабарии расмӣ, балки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи баъзе ҳангоматалабоне, ки мехоҳанд бо ин восита худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд, паҳн мешаванд ва ё дар тақсимоти ваксинаҳо рақобати носолими тиҷоратӣ ҷой дорад. Дар асл ваксинаҳои истифодашаванда - Астра Зенека, Коронавак, Модерна, Файзер, Синовак, Спутник дар ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо истифодаи технологияи навтарин истеҳсол мешаванд ва кафолати бехатарии онҳо таъмин аст.
Он ҳолатҳои нороҳатие (дискомфорт), ки баъди тазриқи ваксина сар мезананд, дар доираи меъёри «бархӯрди иммуниологӣ» дар бадан ҷой дошта, дар натиҷаи он муқовимат бар зидди сирояти коронавирус ҳосил мегардад. Ҳолатҳои номатлуби баъди тазриқ ба вуқӯъ омада - дардмандӣ дар ҷои тазриқ, дарди сар, дарди мушакҳо, бетоқатӣ, дилбеҳузурӣ, баландшавии ҳарорати бадан дараҷаи сабук, миёна ва кӯтоҳ муваққатӣ буда, давомнокиашон 2-3 шабонарӯзро ташкил медиҳад ва то айни ҳол ҳолатҳои номатлуби вазнини баъди эмгузаронӣ ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандонро мебояд, ки ба ҳар гуна овозаҳои ҳангомаҷӯёна, ки боиси ваҳмангезию нигаронӣ аз натиҷаи тазриқи ваксина гашта, ҳолатҳои нороҳатиро вазнин мегардонанд, бовар накарда, аз кафолати сифат ва самаранокии эмгузаронӣ ба шубҳа наафтанд.http://khatlon-ruznoma.tj/