Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хатлониён 30-солагии Истиқлоли давлатиро бошукӯҳ ҷашн гирифтанд


Хатлониён 30-солагии Истиқлоли давлатиро бошукӯҳ ҷашн гирифтанд



Рӯзи 9-уми сентябри соли равон дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳайати меҳмонон аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фаъолони вилоят ва шаҳрвандон чорабинии фарҳангии сатҳи баланд баргузор гардид. 

Усмоналӣ Усмонзода муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокдорони чорабинӣ ва дар шахсияти онҳо кулли мардуми вилояти Хатлонро бо Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Сипас, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сухани табрикии худ қайд намуд, ки нуҳуми сентябр барои мардуми шарафманд, соҳибмаърифат ва тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва фароҳамоварандаи хушбахтиву сарбаландӣ мебошад. 

Мавсуф иброз дошт, ки имрӯзҳо ҳамватанони азизамон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлони бостонӣ сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.

Қурбон Ҳакимзода Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба меҳмонон, иштирокдорон ва умуман, сокинони вилояту тамоми кишвар табрику таҳният гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда ва иқболи баланд орзу намуд.
Дар идомаи нутқи табрикияш раиси вилоят аз таърихи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, саҳми фарзандони баруманди диёр дар соҳибиқтсиқлол гаштани кишвар, аз ҷумла Президенти кишвар муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи мустақилияту соҳибдавлатӣ ибрози андеша намуд.
  • Пойдории Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисодии миллӣ дар натиҷаи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт. 
Инак, ба санаи сарнавиштсозу муқаддас - Истиқлоли давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик аст ва таҳти роҳбарии хирадмандонаю муваффақи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам оварда шуд, 30 сол пур мешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб ба ёд доранд, ки дар ибтидои солҳои 90-ум Истиқлоли давлатии мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда буд, ки ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад. Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд. Хушбахтона, бо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суботу низом дар мамлакат тадриҷан барқарор шуд. Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошанд. Ҳамин тавр, роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷик муайян карда шуд, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад,-изҳор дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Инчунин, гуфта шуд, ки дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, ҳазорон корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ҳидояту роҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи сеюним соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии қариб ҳашт ҳазор иншооти гуногунро далели возеҳи гуфтаҳои боло донист.

Қобили зикр аст, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят  то имрӯз зиёда аз 8 ҳазор иншоот бунёд ва азнавсозӣ шуда,беш аз даҳ ҳазор ҷойи нави кории доимӣ ва наздик ба 25 ҳазор ҷойи кории мавсимӣ фароҳам омад. 

Бояд таъкид кард, ки дар бунёд ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас мебошад.

Пас аз анҷоми сухани табрикии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят дар сатҳи баланд омода гардида буд, пешкаши тамоми ширкаткунандагони чорабинии идонаи Истиқлол гардонида шуд. Дар чорабинии мазкур сарояндагони номдору хушсалиқа бо сурудҳои тараннумгари Ватан, миллат, Тоҷикистон, истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат ва дигар таронаҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Суннатуллоҳи МИРЗО, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода