Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қ. Ҳакимзода: “Истиқлолият нишонаи барҷастаи пойдории давлат ва бақои миллат мебошад”


Қ. Ҳакимзода: “Истиқлолият нишонаи барҷастаи пойдории давлат ва бақои миллат мебошад”



Имрӯз, 8 сентябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, фаъолон, собиқадорони самту соҳаҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагони ВАО баргузор гардид.

Сараввал, муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода кулли сокинони вилояти Хатлонро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мунсоибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва рушду пешрафти вилояти Хатлон ёдовар гардид ва бо қаноатмандӣ зикр дошт: “Аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар се даҳсолаи охир ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидояти Пешвои муаззами миллат, беҳтар кардани сатҳи рӯзгори аҳолӣ, самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, рушди маҳаллу деҳот, дастгирии оилаҳои ниёзманд масъулияти хос зоҳир намуданд”.

Сипас, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода меҳмони олиқадрро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, нишондиҳандаҳои 30 соли охири вилоятро бо назару таҳлили хос иброз намуданд. Таъкид намуданд, ки вилояти Хатлон, ҳамчун калонтарин вилояти ҷумҳурӣ ҳамеша пайгири сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат буда, баҳри татбиқи дастуру ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои амалӣ меандешанд.

Дар идома раиси вилояти Хатлон аз роҳи тайкардаи Истиқлоли давлатӣ, заминаҳои рушди бахшҳои гуногун, роҳнамоии беназири Пешвои муаззами миллат, сулҳу суботи миллӣ ва иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба роҳи рушд изҳори андеша карданд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба як қатор фаъолони вилояти Хатлон мукофотҳои давлатӣ ва Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки санъаткорони маъруфи кишвар ва вилоят барномаи ҳунарӣ барои болидарӯҳии меҳмонон баргузор гардид.

Ф. Давлат, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода