Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷайҳун. Боздиди раиси вилоят аз пахтазор


Ҷайҳун. Боздиди раиси вилоят аз пахтазор



Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом дода, бо масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва чинакчиён дар хоҷагии ёрирасони корхонаи пахтатозакунии “Дӯстӣ” ба маъракаи ҷамъоварии пахта расман оғоз бахшиданд.

Қайд гардид, ки майдони умумии хоҷагӣ 21 гектарро ташкил медиҳад ва аз он дар масоҳати 17 гектар пахтаи навъи “Қанд” кишт шуда, ба андешаи кишоварзон, ҳосили хуб ба бор овардааст. Қурбон Ҳакимзода дастур доданд, ки ҳосил беталаф ғунучин шавад ва барои расидан ба ин мақсад бояд деҳқонон ҳавасманд гарданд.

Соҳаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун гуногунсамт буда, имсол дар масоҳати 6 ҳазору 840 гектар замин навъҳои гуногуни пахта кишт шудааст. Барои парвариши пахта заминаҳои техникӣ ва қувваи корӣ муҳайё аст.

Дар хоҷагии ёрирасони “Дӯстӣ” ба ғайр аз пахта, дар масоҳати 50 сотих ҷуворимакка кишт гардидааст. Ҳамзамон, дар 2,5 гектар сабзӣ коридаанд, ки нашъунамои хуб дошта, аз ҳама муҳим, давра ба давра ба ҳосил меояд, ки ин тадбир дар мӯътадил нигоҳ доштани нархи он мусоидат мекунад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба кишоварзон маслиҳату дастур доданд, ки бо роҳи захира намудани сабзӣ дар сардхонаҳо аз қимматшавии ин маҳсулоти ниёзи аввал ҷилавгирӣ кунанд, инчунин, онро бо нархи барои деҳқон фоидаовар ба фурӯш гузоранд.

Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар намоиш ва маросими супурдани трактор ва механизму мошинолоти соҳаи кишоварзӣ ширкат намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” дар доираи Лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” ба кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун 2 адад экскаватори тасмачарх бо дарозии тири 14 ва 7 метр, 48 трактор ва 66 мошинолот, аз қабили ядак, испор, алафтойбандак, сихмола, дорӯпошакҳои дастии муҳаррикдор, молаи чархӣ, алафдаравҳо ва дигар таҷҳизот дастрас карда шуд.

Дар маросими супурдани калиди техникаҳои кишоварзӣ ба ронандагон таъкид гардид, ки чунин дастгириҳо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад ва ҳар нафар бояд бо василаҳои техникии дастрасшуда муносибати ғамхорона намояд. Ба воситаи экскаваторҳои наву замонавӣ ҷӯю заҳкашҳо саривақт тоза гардида, ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ афзун шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалӣ минбаъд низ кишоварзонро дастгирӣ хоҳад кард.

Раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти пахтақабулкунӣ дар корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Дӯстӣ” шинос гардид. Имрӯз бо истифода аз боду ҳавои мусоид пахтаи дар саҳро шукуфта аз ҷониби деҳқонон саривақт ҷамъоварӣ гардида, аввалин тоннаҳои ин ашёи хоми саноатӣ барои коркард вориди корхонаҳо шуд. Аз рафти пахтасупорӣ маълум шуд, ки дар ҳама ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба ҷамъоварии пахта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, кишоварзон кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти бо ранҷ парвардаи худро беталаф чида, то ба хирман расонанд. Вобаста ба маъракаи ғунучин ва супурдани пахта таъкид гардид, ки ба қоидаҳои бехтарӣ, пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии чинакчиён ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ диққати зарурӣ дода шавад.

Н. Маъмурзода,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода