Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бунёди 52 корхонаи нави саноатӣ дар 7 моҳ


Бунёди 52 корхонаи нави саноатӣ дар 7 моҳ



Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар вилоятамон 52 адад корхона ва коргоҳҳои навтаъсиси соҳаи саноат бо 469 адад ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, ба 4 миллиарду 970,2 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 483,0 миллион сомонӣ зиёд аст.

ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард – 40,1 фоиз, истихроҷи маъдан – 3,2 фоиз, истеҳсоли неруи барқ – 56,1 фоиз ва хизматрасонии об – 0,6 фоизро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатии вилоят 12844,6 тонна гӯшт, 3788,5 тонна гӯшти мурғ ва 322,0 тонна ҳасибу ҳасибчаҳои гӯштӣ, 613,0 тонна маҳсулоти шири холис, 8403,0 тонна равғани растанӣ, консерва – 10288,0 ҳазор қуттии шартӣ, коркарди намаки ошӣ – 6687,0 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 53419,8 тонна, маҳсулоти қаннодӣ – 843,9 тонна, обҳои ташнашикан – 26306,5 декалитр, маҳсулоти макаронӣ – 137,0 тонна, нахи пахта – 5903,2 тонна, пахтаи тиббӣ – 820,1 ҳазор дона, маҳлул барои беҳдошти шахсӣ – 13,1 ҳазор дона, газворҳо – 55,0 ҳазор метри мураббаъ, матои адрас – 15,4 ҳазор метри мураббаъ, маҳсулоти дӯзандагӣ ба маблағи 17267,3 ҳазор сомонӣ, либоси мактабӣ 24674,6 ҳазор сомонӣ, битум 1837,5 тонна, асфалт 443,0 тонна, гаҷ 1733,4 тонна, хишти бинокорӣ 7477,5 ҳазор дона, газоблок 471,0 метри мукааб, қубурҳои пластикӣ 172330,0 метр, мебел 1164,0 дона истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан аз 101% то 86,7 маротиба зиёд мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода