Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллати тоҷик аст


Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллати тоҷик аст



Истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардида, дар кишвар шахсони зиёд кушта, боқимонда гуреза шуда, ба мардуми осоишта ва давлати азизамон зиён овард. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ гардонид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва маҳз бевосита Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардад.

Бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Ин аст ки то инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо ифтихор чунин баҳо медиҳад: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи Истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро таъмин намуд. Бинобар ин, сулҳ барои мардуми мо Истиқлолияти муқаддас ва бебаҳост».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Наврӯз Тоҳирзода ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода