16 иқтибос аз меъмори Ваҳдат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Хабарҳо, Боздид 1 222
Ба ифтихори 16-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тасмим гирифтем, ки 16 иқтибоси хотирмонро аз Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар миёни мардум «Меъмори Ваҳдати миллӣ» хонда мешавад, дар хизмати шумо, хонандаҳои гиромӣ, қарор диҳем.
«Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам!
Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул - гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки манн ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Аз Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон, 12 декабри соли 1992***«Ҳодисаи фараҳбахше, ки миллати тоҷик, ҳамаи тоҷикистониён ва дӯстони дуру наздики мо ҳангоми имзои ҳуҷҷати таърихӣ – Созишномаи умумӣ аз сар гузарониданд, моҳиятан як давраи томи таърихро дар худ таҷассум менамояд.
Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид.
Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз фирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷой гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад…
Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».
Аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 27 июни соли 1997***«Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги бародаркуши миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд».
26 июни соли 2007, Душанбе***«Имрӯз ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа возеҳ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро,ки иродаи мардуми Тоҷикистон асту ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити сазовори зиндагиро муҳайё намоем».
Аз китоби «Истиқлолият ва эҳёи миллат»***«Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид».
***«Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид».
***«Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад».
***«Метавон гуфт, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо ваҳдати миллӣ ҳамчун ғояи умумимиллӣ дар радифи мафҳумҳои озодиву истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шудааст ва дар тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон чун омили мувозинати ҳамаи тарафҳои сиёсати давлатии мо арзёбӣ мегардад».
***«Андешаи сулҳу ваҳдат ва фалсафаи таҳаммулгароӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфтаанд, ки бо ҷисму равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу одоб, фарҳангу маданият ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд доранд».
26 июни соли 2012, Душанбе***«Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.
Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст. Ин рисолати деринаи фарҳангӣ халқи моро ба фарҳангсолорӣ оварда мерасонад, ки дар ин бобат Рӯдакӣ гуфтааст:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ».
***«Имрӯз аз фарҳанги сулҳ ва рисолати сулҳпарварӣ натанҳо ояндаи кишвари мо, балки тақдири ояндаи ҷомеаи башарӣ вобастааст. Аз ин лиҳоз мо, тоҷикон, ки таърихан миллати фарҳангиву сулҳпарвар ҳастем, ҳаёти осоишта, зиндагии озоду ором ва меҳнати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми доимии худ қарор дода, ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарзи зиндагии дунявӣ пеш меравем».
27 июни соли 2005, ноҳияи Рӯдакӣ***«Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад.
Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад».
27 июни соли 2006, ноҳияи Рашт***«Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзмини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд. Бинобар ин, сулҳ барои мардуми мо баробари истиқлолият муқаддас ва бебаҳост».
***«Халқи тоҷик аз азал соҳиби андеша ва ҳувияти баланди милливу эҳсоси ватанпарастӣ буда, роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу созишро интихоб намудани он нишонаи барҷастаи хирад ва таҳаммулпазирии миллати куҳанбунёди мо мебошад. Ба ибораи дигар, ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад.
Халқи мо дар фаросӯи таърихи хеш ба шарофати андешаи солим ва созандаи миллӣ, ҳамчунин фарҳанги ғановатманди моддиву маънавӣ ва эҳсоси баланди худшиносӣ, ки дар давраи Сомониён ба авҷи камолоти худ расида буд, бо вуҷуди фишори суннатҳои фарҳангӣ, забон ва анъанаҳои бегонагон худро аз нобудшавӣ ҳифз намуд».
***«Бояд зикр кард, ки аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣ имрӯз дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Қӯрғонтеппа на танҳо аз харобиҳои он даврони ноором осоре боқӣ намондааст, балки дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ нисбат ба солҳои пешин хеле ободу зеботар шудааст».
***«Миллати мо дар сурате номдор, давлати мо дар сурате пешрафта ва ҳар фарзанди тоҷик дар сурате сарбаланд мегардад, ки мо ба қадри ваҳдати ҷовидонаи халқи худ расем ва барои устувору пойдор нигоҳ доштани он ҳамеша талош намоем. Барои ин пеш аз ҳама нангу номус, сатҳи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ зарур аст».
27 июни соли 2008, Қӯрғонтеппа ОмодасозҲангомаи ИСМАТРӯзномаи “Хатлон” №25 (2918) аз 27 июни соли 2013