Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қурбон Ҳакимзода: «Истеҳсоли либоси мактабӣ хубтар ба роҳ монда шавад»


Қурбон Ҳакимзода: «Истеҳсоли либоси мактабӣ хубтар ба роҳ монда шавад»


4 август таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.


Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони як қатор шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд. 

Масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ, таъмини иҷрои нақшаи истеҳсоли либоси мактабӣ ва вусъати корҳои омодагӣ ба ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Тавре гуфта шуд, нақшаи андозро дар 7 моҳи сипаришуда баъзе шаҳру навоҳии вилоят ба пуррагӣ иҷро накардаанд. Таъкид гардид, ки масъулон бобати сари вақт иҷро намудани нақшаи андозҳо бояд чораҳои таъхирнопазир андешанд. 
Масъалаи дигари матраҳшуда таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ буд. Иҷрои нақшаи истеҳсол ва таъмини либоси мактабӣ дар коргоҳу корхонаҳои вилоят, тибқи иттилои масъулони Раёсати маорифи вилоят, 68 дарсадро ташкил медиҳад. 

- Дар масъалаи таъминот бо либоси ягонаи мактабӣ дар ҳамкорӣ бо коргоҳҳои дӯзандагӣ ва саривақт дастрас намудани он баъзе мушкилиҳо ҷой доранд ва онҳоро набояд нодида гирифт, - таъкид намуд раиси вилоят зимни ҷаласа. 

Илова гардид, ки баҳри таъмини хонандагон бо либоси хушсифат дар якҷоягӣ бо коргоҳҳои дӯзандагӣ бояд тадбирҳои судманд андешида шавад. 

Давоми моҳи август баҳри дастрасӣ пайдо намудани сокинон ба либоси мактабӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ ярмаркаи фурӯш доир мешавад ва сокинон метавонанд бо нархи муносиб лавозимоти зарурии таълимро харидорӣ намоянд. 

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои Ҳукумати мамлакат оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар вилоят супоришҳо дод.

Дар интиҳо раиси вилоят ба Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ ва дигар масъулон дастур дод, ки барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19”, масъалаи ваксинагузаронӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
 
Н. Маъмурзода,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода