КӮЛОБ. БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири бузурги форсу тоҷик Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин, бо ҳадафи баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии озмун муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо иштирок намуда, доир ба аҳамияти фарҳангӣ ва маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ ва маърифатӣ буда, ба гиромидошти мероси гаронбаҳои адабӣ ва таърихии халқи тоҷик — «Шоҳнома»-и ҷовидонаи Абулқосим Фирдавсӣ равона гардидааст. Ин иқдом на танҳо ҷалби таваҷҷуҳ ба осори классикони адабиёти тоҷик аст, балки қадами устувор дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ миёни аҳли ҷомеа ба шумор меравад.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, ба мутолиаи амиқи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мебошад. Ин ташаббус дар баланд бардоштани сатҳи маърифати адабӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ саҳми назаррас мегузорад.
Зикр кардан ба маврид аст, дар ин озмун хонандагон, устодону кормандон, донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва докторантон иштирок намуданда барои роҳхат гирифтан ба даври вилояти сабқат менамоянд.
Умед аст, ки ғолибони даври шаҳрӣ дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун – даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ – иштироки фаъол намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Алишери Абдулмаҷид "Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...