ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 113
![]()
Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои иловагии таълимиро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Зафаробод, ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр ҷойгир буда, барои 364 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар асоси лоиҳа 7 синфхона, утоқи омӯзгорон ва утоқи кории директори муассисаро дар бар мегирад.
Зикр гардид, ки бинои пешинаи муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, зарурати бунёди бинои нави замонавӣ ба миён омада буд. Бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохтмони иншоот соли 2025 оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Барои бунёди бино дар маҷмӯъ 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ масраф гардида, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 16 нафар мутахассисони соҳа бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Мунавваршои ЗАФАР,
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...