ЁВОН: БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ГАРМХОНАҲО ВА ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗИИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИ “ҚАМБАРӢ”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 76
![]()
Имрӯз, 17 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамроҳ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода дар деҳаи Қамбарии ноҳияи Ёвон аз рафти самаранок истифода бурдани гармхонаҳо ва заминҳои кишоварзии хоҷагии деҳқонии “Қамбарӣ” боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Қамбарӣ” дорои 15 гектар замини кишоварзӣ буда, фаъолияти он ба парвариши зироатҳои гуногун ва ниҳолҳои мевадиҳанда равона гардидааст. Дар гармхонаҳои хоҷагӣ шинонидани ниҳолҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ, афлесун ва мандарин ба роҳ монда шуда, барои парвариши босифат ва мутобиқ ба талаботи агротехникӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, дар заминҳои лалмӣ шинонидани ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда идома дошта, масъулин ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тадбирҳои муассир меандешанд. Зикр гардид, ки чунин иқдомҳо барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва ватанӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Раиси вилоят бо деҳқонон ва кормандони хоҷагӣ суҳбат намуда, ба фаъолияти онҳо баҳои баланд доданд ва таъкид карданд, ки истифодаи самараноки гармхонаҳо ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам метавонад дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши истеҳсолоти дохилӣ нақши муҳим бозад.
Дар ҷараёни боздид сокинони деҳа чорабинии идонаи Наврӯзиро баргузор намуда, анвои гуногуни таомҳои миллӣ омода карда буданд. Раиси вилоят бо сокинон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба фарорасии соли нави аҷдодӣ — Наврӯз табрик гуфта, барояшон сиҳатмандӣ, файзу баракат ва дастовардҳои нав орзу намуданд.
Мунавваршои ЗАФАР,
"Хатлон"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...