БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ ДАР ҶАЛАСАИ КОРӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 5
![]()
Имрӯз таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки дастуру супоришҳое, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар маҷлиси ҷамъбастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баён гардида буданд, бояд дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо натиҷаҳои назаррас амалӣ карда шаванд. Масъулин вазифадор шуданд, ки иҷрои ин супоришҳоро таҳти назорати доимӣ қарор дода, оид ба пешрафту камбудиҳо мунтазам ҳисобот пешниҳод намоянд.
Дар бахши маориф масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани сатҳи донишандӯзии хонандагон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои соҳибтахассус ва истифодаи самараноки технологияҳои муосири таълимӣ баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки рушди зеҳнии насли наврас омили калидии пешрафти ҷомеа буда, таваҷҷуҳ ба сифати таҳсил бояд дар маркази фаъолияти ҳар як омӯзгор ва роҳбари муассисаи таълимӣ қарор гирад.
Ҳамзамон, доир ба вазъи соҳаи тандурустӣ низ мубодилаи афкор сурат гирифт. Таъкид шуд, ки беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ, баланд бардоштани фарҳанги муроҷиати шаҳрвандон ба муассисаҳои тиббӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳо ва таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок ба шумор мераванд.
Муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода аз масъулини соҳаҳо даъват ба амал овард, ки нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ бо масъулияти баланд муносибат намуда, дар ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаҳо ташаббускор бошанд. Ӯ таъкид кард, ки сатҳи хизматрасонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад ва ҳар як роҳбар барои натиҷаи кори худ ҷавобгар аст.
![]()
Дар фарҷоми ҷаласа ба роҳбарони сохторҳои марбута ва масъулини маҳаллӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти назорати дохилӣ ва андешидани чораҳои иловагӣ барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои сифатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...