Раиси вилоят бо рафти кишти картошка дар Ҷайҳун шинос шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 113
![]()
Имрӯз, 4 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар маъракаи оғози кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии “Турсуной”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ, иштирок намуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии мазкур дорои зиёда аз 6 гектар замини корами обӣ буда, ҳамасола дар он кишти навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар сабзавот ба роҳ монда мешавад. Картошка яке аз зироатҳои асосии хоҷагӣ ба шумор рафта, дар таъмини бозори дохилӣ ва ғанӣ гардондани захираи маводи ғизоӣ нақши муҳим мебозад.
Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни кишти картошка бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ, коркарди босифати хок, истифодаи нуриҳои биологӣ ва риояи меъёрҳои илмӣ аз наздик шинос шуд. Таъкид гардид, ки истифодаи тухмии хушсифати ба шароити иқлимии минтақа мутобиқ, ғизодиҳии дуруст ва обёрии саривақтӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.
Дар рафти суҳбат бо масъулон ва кишоварзон Давлаталӣ Саид доир ба интихоби тухмии серҳосил, васеъ намудани майдони кишт, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дод. Зикр шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, саҳми деҳқонон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар бисёр муҳим арзёбӣ мегардад.
Қобили таъкид аст, ки чунин тадбирҳо дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...