Сабзгардонии шоҳроҳи Панҷи Поён
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳайати эҷодӣ, Боздид 88
![]()
Имрӯз, 4 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун дар Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар канори шоҳроҳи Панҷи Поён баргузор гардид, иштирок намуд.
Тадбири экологӣ бо мақсади сабзу хуррам гардондани муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии минтақа ва зебо намудани яке аз роҳҳои муҳими нақлиётии ноҳия роҳандозӣ шуд. Дар доираи маърака беш аз 1200 бех арча ва 1000 бех ниҳоли павловния, ки ба шароити иқлимии минтақа мутобиқ мебошанд, шинонида шуд.
Зимни ҳашар таъкид гардид, ки ниҳолшинонӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, дар пешгирии эрозияи хок, беҳтар шудани сифати ҳаво ва фароҳам овардани муҳити солими зист барои аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Раиси вилоят зарурати нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда, обёрии саривақтӣ ва ҳифзи онҳо аз таъсири омилҳои берунаро махсус таъкид намуд.
Дар маъракаи сабзгардонӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва сохторҳои зертобеи он дар ноҳияи Ҷайҳун, инчунин фаъолони маҳаллӣ иштирок намуда, саҳми арзандаи худро дар ободонии муҳити зист гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки чунин тадбирҳои экологӣ дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба беҳтар гардидани фазои экологӣ, боло рафтани маърифати экологии аҳолӣ ва таъмин намудани рушди устувори минтақа мусоидат менамоянд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...