Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶДИДИ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ №3 ДАР ҶАЙҲУН БА БЕҲБУДИ ОБЁРИИ ЗАМИНҲО ЗАМИНА МЕГУЗОРАД


ТАҶДИДИ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ №3 ДАР ҶАЙҲУН БА БЕҲБУДИ ОБЁРИИ ЗАМИНҲО ЗАМИНА МЕГУЗОРАД




Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун, бо ҷараёни корҳои азнавсозии пойгоҳи обкашии №3 аз наздик шинос шуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи мазкур ҳамчун яке аз иншооти муҳими обтаъминкунӣ дорои 11 агрегати обкашӣ буда, дар доираи лоиҳаи таҷдиду навсозӣ таъмиру навсозии пурраи техникии он ба роҳ монда шудааст. Пас аз анҷоми корҳои азнавсозӣ ва ба истифода додани пойгоҳ, имконият фароҳам меояд, ки беш аз 7,5 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин гарданд.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа насби 1,5 километр қубурҳои обрасон пешбинӣ шудааст, ки ин тадбир ба коҳиши талафоти об, беҳтар гардидани низоми обёрӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ мусоидат хоҳад кард.

Зикр гардид, ки маблағгузории корҳои азнавсозӣ аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ин иқдом дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ роҳандозӣ гардидааст.

Раиси вилояти Хатлон ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, риояи талаботи техникӣ ва ба истифода додани саривақтии иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод. Гуфта шуд, ки фаъолияти мунтазами чунин пойгоҳҳо дар таъмини оби полезӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии кишоварзон аҳамияти калидӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба рушди соҳаи обёрӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва таҳкими амнияти озуқавории мамлакат мусоидат намуда, дар маҷмуъ, барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода