ДАВЛАТАЛӢ САИД: «БУНЁДИ ОСОРХОНАИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН РАМЗИ АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ АСТ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 91
![]()
4 феврали соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун, дар Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ» бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои Осорхонаи ноҳия аз наздик шинос шуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои осорхона аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, мутобиқ ба талаботи меъмории муосир ва бо дарназардошти ҳифзу нигоҳдории арзишҳои таърихию фарҳангӣ бунёд мегардад. Ин иншооти фарҳангӣ бо саҳми сокинони ватандӯст, соҳибкорон ва шахсони ташаббускор сохта шуда, нишонаи равшани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо ба шумор меравад.
Раиси вилояти Хатлон ин иқдоми созандаро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки бунёди чунин муассисаҳои фарҳангӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзу гиромидошти таъриху фарҳанги ғании ниёгон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон, ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои меъморию техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи осорхона дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки ба истифода супоридани бинои Осорхонаи ноҳияи Ҷайҳун ба ғанӣ гардидани ҳаёти фарҳангии сокинон, муаррифии таърихи пурғановати минтақа ва ҷалби таваҷҷуҳи меҳмонон мусоидат намуда, дар маҷмӯъ барои рушди иҷтимоию фарҳангии ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...